Хабарҳо
Вусъати бунёдкориҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият дар шаҳри Панҷакент - 12.12.2018 10:39
Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ба 50 донишҷӯ кӯмакҳои молиявӣ тақдим кард - 12.12.2018 10:37
Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» китоби «Мулистони Ҳикмат»-ро дастраси хонандагон намуд - 12.12.2018 10:35
Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемологиии шаҳри Хуҷанд соҳиби 4 таҷҳизоти муҳими озмоишӣ шуд - 12.12.2018 10:34
Мулоқоти масъулини Раёсати Хадамоти муҳоҷират бо сокинони шаҳри Гулистон - 12.12.2018 10:32
Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ нашрияи нави худро аз чоп баровард - 11.12.2018 12:16
М и т и н г ё эҳсони Гобсек - 2 - 11.12.2018 12:07
Мастчоҳ. Баррасии вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат - 11.12.2018 11:01
Пирӯзии Ҳанифа Валиева дар даври ниҳоии озмуни “Мураббияи сол” - 11.12.2018 10:47
Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018»насиби Муродҷон Ҳaйдаров гардид - 11.12.2018 10:42

СУҒД: Шумораи чорвои калон нисбати ҳамин давраи соли гузашта 11,2 ҳазор сар афзудааст

( 0 Овоз )

Дар нуҳ моҳи сипаришудаи соли равон дар соҳаи чорводории вилоят нишондиҳандаҳои назаррас ба қайд гирифта шуд.

Аз оғози сол то 1 октябри соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли гўшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 29021,2 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли гўштро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ-4,9 фоиз, Деваштич-4,4 фоиз, Ашт ва Исфара-4,1 фоизӣ, Бобоҷон Ғафуров-2,3 фоиз зиёд намуданд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир бошад, дар вилоят 186137,6 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 1,7 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли шир аз ҷумла дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ - 13,1 фоиз, Истаравшан - 5,1 фоиз, Кўҳистони Мастчоҳ - 3,5 фоиз  ва Зафаробод – 1,9 фоиз афзудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ шумораи чорвои калон нисбати ҳамин давраи соли гузашта 11,2 ҳазор сар ё 1,8  фоиз, саршумори гўсфанду буз 33,4 ҳазор сар ё 2,2 фоиз, саршумори мурғ 888,5 ҳазор сар ё 53 фоиз зиёд шудааст. Аз теъдоди умумӣ 92,7 фоизи саршумори чорвои калон ва 84,9 фоизи саршумори гўсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои  Спитамен - 11,6 фоиз, Деваштич - 3,5 фоиз, Мастчоҳ - 2,6 фоиз, Бобоҷон Ғафуров - 1,6 фоиз, Истаравшан - 1,4 фоизро ташкил дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд СУҒД: Шумораи чорвои калон нисбати ҳамин давраи соли гузашта 11,2 ҳазор сар афзудааст