Хабарҳо
ИЗҲОРОТИ ВКД ҶТ: «Гадоев Шарофиддин Мирзоалиевич аз кирдораш пушаймон шуда, ба Ватан баргашт» - 15.02.2019 16:31
Дар саҳни бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуд - 15.02.2019 16:24
Шарофиддин Гадоев аз кирдорҳои кардааш самимона пушаймон шуда, ихтиёран ба Ватан баргашт - 15.02.2019 15:52
Оғози сохтмони майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар ноҳияи Деваштич - 15.02.2019 15:33
Баҳоваддин Турахонзода ва Рустам Каримзода муовинони Раиси вилоят таъин гардиданд - 15.02.2019 14:06
Вохўрии ҷавонони шаҳри Хуҷанд бо собиқадорон ва ҷанговарони интернатсионалист - 15.02.2019 10:26
Ғолибони озмуни вилоятии «Мо ворисони аллома Бобоҷон Ғафуров» бо туҳфаҳо қадршиносӣ шуданд - 15.02.2019 10:14
Нашри маҷмӯи ғазалҳои шоири номвари тоҷик Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон - 14.02.2019 13:47
Муроҷиати Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ба ходимони дини мамлакат - 14.02.2019 13:41
Имсол кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар 300 гектар картошкаи барвақтӣ кишт мекунанд - 11.02.2019 14:10

Баргузории маросими видоъ бо Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ

( 2 Овоз )

Рӯзи 10 октябр Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ аз олам даргузашт ва маросими видоъ бо марҳум имрӯз соати 08-00 дар маҳалли зисташ баргузор шуд.

Маросими видоъ бо шоир бо ҳузури садҳо нафар дӯстону пайвандон, аҳли зиё, ходимони давлативу ҷамъиятӣ ва алоқамандони шеъри Нурмуҳаммад Ниёзӣ сурат гирифт ва номаи тасаллияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро муовини якуми Раиси вилоят Рустам Раҳматзода ба самъи пайвандони марҳум расонид.

Ёдовар бояд шуд, ки Нурмуҳаммад Ниёзӣ 20 сентябри соли 1946 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира Бобоҷон Ғафуров) ба дунё омада, таҳсилро дар мактаби миёнаи зодгоҳаш оғоз кардаву дар шаҳри Хуҷанд ба поён расонид. Хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин буда, фаъолияти меҳнатиро чун омӯзгор оғоз мебахшад. Нурмуҳаммад Ниёзӣ сипас дар Кумитаи садо ва симои вилоят ва ҳафтавори «Маданияти Тоҷикистон» ба ҳайси мухбир фаъолият бурдааст. Чанде ходими Маркази тарғиби адабиёт, солҳои 1989-1994 котиби масъули шуъбаи суғди Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ, раиси Иттиҳодияи адибони ҷавони вилояти Суғд будааст. Барои китоби шеърҳои «Аз ҳама дур» сазовори Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ гаштааст.

Марҳум муаллифи китобҳои «Ниҳоли навбар», «Санги сабз», «Оташи санг», «Аз ҳама дур», «Офтоби сӯхта», «Сафари шаҳри ишқ», «Васли танҳо», «Зангӯла зан!», «Реша дар санг», «Дарёи дигар», манзумаҳои «Ангораи тавонгардил», «Тахти тоҷик» ва ғайра мебошад.

Барои саҳми шоёнаш дар рушди адабиёти муосир бо ордени «Шараф» (2004) ва унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон (2012) қадршиносӣ шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба наздикону пайвандони Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва алоқамандони шеъри ӯ ҳамдардии амиқ изҳор намуда, барояшон сабри ҷамил мехоҳад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории маросими видоъ бо Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ