Хабарҳо
Боз як дуруғи наҳзатиҳои ифротӣ вобаста ба сохтмони НОБ-и Роғун - 19.11.2018 20:09
Офтобро бо доман пӯшида намешавад (Ҷавоб ба мақолаи «Воқеият ва худнамоӣ») - 19.11.2018 20:07
С.Никонов: ТЭО ПИВ и философия разрушения - 19.11.2018 20:04
Террорист он и в Африке террорист - 19.11.2018 20:00
Что хочет найти Комитет ООН? - 19.11.2018 19:54
Офтобро бо доман пӯшида намешавад (Ҷавоб ба мақолаи «Воқеият ва худнамоӣ») - 19.11.2018 17:35
Что хочет найти Комитет ООН? - 19.11.2018 10:01
Дар ноҳияи Ашт 10 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд - 19.11.2018 09:14
Дар ноҳияи Ашт 10 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд - 19.11.2018 09:13
Эҳсон Ёқубов, намоде аз қаҳрамонӣ - 18.11.2018 21:29

Муроҷиати ходимони дини вилояти Суғд ба созмонҳои байналмилалӣ

( 0 Овоз )

Мо — сархатибон ва имомхатибон, дар умум ҳамаи ходимони дини вилояти Суғд панҷ рӯз инҷониб дар ҳайрат ҳастем ва ба ин суоли худ посух ёфта наметавонем, ки дар дили Аврупо- дар шаҳри Варшава ташкилоти бонуфузи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо (САҲА) бо кадом ҳадаф ҷаласа барпо намуда истодааст. Ҳадафи аслии ин ташкилоти муътабар, тавре аз номаш маълум аст, бояд таъмини амнияту субот бошад. Аммо ҳузури роҳбарону намояндагони гурӯҳҳои ифротию террористӣ чунин рисолат доштани САҲА-ро метавонад зери суол барад. Тавре мушоҳида намудем, дар ҳамин ҳамоиш як гурӯҳи хурди ватангурезон, хоинони миллати тоҷик эътилофи ихтилофангезе ташкил намуданду Кабирӣ нангу номусу орро канор гузошта, аз номи миллат сухан мегуфт. Аз номи миллати тоҷик сухан гуфтани як хиёнаткору ҷинояткор боиси нигаронии амиқи мо -ходимони дин гардид ва дар як вақт мо ин амалкардро маҳкум мекунем ва ба ташкилкунандагони ҳамоишҳои Варшава чунин муроҷиат ва талаб менамоем.

Муҳтарам роҳбарон ва ходимони САҲА,

Оё шумо намедонед, ки ҳизби наҳзат дар Тоҷикистони ба шумо дӯст ҳамчун ташкилоти экстремистӣ- террористӣ эълон гардидааст ва роҳбарону алоқамандони ин ҳизби мамнӯи ба ном динии наҳзат, махсусан роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконашон ҳамчун террорист дар ҷустуҷӯи Созмони байналмилалии полиси зиддиҷиноятӣ (Интерпол) мебошанду шумо онҳоро дастгирӣ карда, минбар додаед?

Шумо -роҳбарони САҲА доим даъво мекунед, ки Созмони мо дар ҷаҳон зидди экстремизм ва терроризм фаолият карда, экстремистон ва террористонро намегузорад, ки фаъолияти хоинонаи худро давом диҳанд, аммо афсӯс, чунин сиёсати духӯраву дугонаи шумо баръакси гуфтаҳоятон мебошад.

Дар таълимоти ҳамаи динҳои олам хоинони ватан бадтарин инсонҳо ҳисоб мешаванд, нафароне, ки ҷиноят карда, сабаби ҷангу ҷидол шуда, ба миллат, ватан ва мазҳаби худ хиёнат карданд, бояд онҳоро ҳеҷ кас дастгирӣ накунад.

Мо -ходимони дини вилояти Суғд аз ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, махсусан САҲА ва ташкилкунандагони ин ҳамоиш талаб менамоем, ки эътилофи ба тозагӣ таъсиснамудаи наҳзатиёнро ҳамчун эътилофи моҷароҷӯ эътироф намуда, роҳбарону пайравони ТЭТ ҲНИ-ро дар рӯзҳои боқимондаи ҷаласа роҳ надиҳанд.

Мо қотеъона талаб дорем, давлатҳое, ки  имрӯз он ҷо сукунат доранд,  онҳоро ба Тоҷикистон истирдод намоянд, то дар назди халқу қонун ҷавоб гӯянд.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Муроҷиати ходимони дини вилояти Суғд ба созмонҳои байналмилалӣ