Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55
Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар чиниши пахта ба кишоварзон кӯмак расониданд - 17.09.2018 09:50

Изҳороти сокинони вилояти Суғд оид ба маҳкум намудани созмони ба ном “Паймони миллӣ”

( 0 Овоз )

Мо, сокинони вилояти Суғд баробари огаҳӣ ёфтан аз расонаҳои  хабарӣ дар бораи таъсис ёфтани ташкилоти наве аз ҷониби Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд,Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва ТТЭ ҲНИ бо номи “Паймони миллӣ” дар шаҳри Варшава,пойтахти Лаҳистон иқдом намудем, ки расман фаъолияти чунин созмоне, ки бо ташаббуси як гурўҳ хоинон ва душманони миллат таъсис ёфтааст, қатъан маҳкум намоем, зеро ташкилот ва ниҳодҳое, ки то дирўз бо кўмак ва пуштибонии хоҷагони хориҷии хеш ва бо роҳнамоии ТТЭ ҲНИ хиёнат ба миллату Ватан намуда, пайваста дар ҳаққи Тоҷикистону озоду соҳибистиқлол бадгўиҳо менамуданд,  нафароне, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш дигарбора ба даст силоҳ гирифтаву хостори ноором кардани  фазои осудаи Тоҷикистони азизи мо гаштанд, бо кадом асос ва бо кадом ҳуқуқ имрўз номи миллат ва Тоҷикистонро ба чунин як ташкилоти душманони миллат ҳамроҳ намудаву номи кишвару миллатро доғдор месозанд. Онҳо имрўз ҳуқуқи маънавии аз номи миллат ва Тоҷикистон сухан гуфтанро надоранд ва қатъан талаб мешавад, ки аз номи ин ташкилот номи миллат ва давлати Тоҷикистон бардошта шавад. Аслан, ин созмон ҳаргиз ташкилоте нав ё паймоне дигар наметавонад бошад, чун он ҳар чаҳор созмони гўё ба ҳам омада, ҳамон гурўҳҳое ҳастанд, ки ба як хоҷа хидмат намуда, ҳадафашон ноором сохтани Тоҷикистони азизи мо аст. Мо ин ташкилотро аслан паймони душманону хоинони миллат унвон мегузорем, ки солҳо дар фикри ноором кардани фазои кишвар ҳастанд. Аз ин рў, аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, хоса тоҷикони бурунмарзӣ даъват ба амал меоварем, ки ҳаргиз фирефтаи дасисаву суханҳои ин гурўҳҳои хиёнаткор нашаванд. Зиракию  сиёсиро аз даст надода, пайваста дар фикри ободии сарзамини азизи хеш бошанд, зеро Ватан барои ҳамаи инсонҳои сайёраи рўи замин, ононе, ки соҳибватананд, азизу муқаддас аст. Мо, ҳамагон якҷоя бояд шукргузорӣ аз ҳастии чунин Ватани азизу муқаддас кунем ва ҳаргиз ба душманони миллат иҷозат надиҳем, ки ин Ватан – ин пораи хоки муқаддасро бадном кунанд ё дар андешаи парокандагии он бошанд. Албатта, ҳаргиз ин хоинону душманони миллат ба ҳадафи хеш намерасанд ва ин сарзамини поку муқаддас, ин Ватани азиз ҷовидон пойдор хоҳад монд.

Дар баробари ин, вобаста ба  баргузории машварати солонаи навбатии солонаи Дафтари ниҳодҳоидемократӣваҳуқуқиинсони САҲА  бо таассуф изҳор мекунем, ки новобаста ба изҳороти фаровони ҷомеаҳои шаҳрвандии Тоҷикистон, эътирофи ТТЭ ҲНИ ҳамчун созмони террористӣ ва экстремистӣ аз сўи гурўҳи калони кишварҳои  аъзои САҲА намояндагон ва ҷонибдорони ин ташкилоти террористиро ба машварат даъват намуда, ҳатто иҷозат дод, ки дар толори ҷаласа маҷмўи қоидаҳои баргузории нишасту маҷлисҳоро вайрон намоянд. Ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ, ки бояд ҳадафи аслиаш пешгирӣ аз экстремизм ва терроризм аст, бояд ҳаргиз барои сўистифодаи ин гурўҳҳо иҷозат намедод, то мухолифин дар толор ва долонҳои ин нишаст гўё онро “шаҳри бедарвоза” унвон карда, ҳар чӣ хостанд, анҷом диҳанд. Чунин муносибати САҲА бо намояндагони паймони навтаъсиси душманони миллати тоҷик баръакс шаъну эътибори онро поин бурда, нишон дод, ки баръакс ин ташкилоти ҷаҳонӣ аз онҳо пуштибонӣ дорад. Ба андешаи мо, маҳз ҳамин гуна муносибати САҲА –ро имрўз аксари кишварҳои минтақа ба дурустӣ маърифат намудаанд, ки аллакай идомаи фаъолияти онро дар кишварҳои хеш қатъ кардаанд. Вақте ки САҲА мавқеи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, гурўҳи калони мамлакатҳои узви хешро дар мавриди эътирофи ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экремистӣ ба эътибор нагирифта, баръакс аз онҳо пуштибонӣ мекунад, вақти он расидааст, ки ба фаъолияти он дар Тоҷикистон низ хотима дода шавад.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Изҳороти сокинони вилояти Суғд оид ба маҳкум намудани созмони ба ном “Паймони миллӣ”