Хабарҳо
Баргузории машқи мукаммали зернизоми Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда - 19.04.2019 17:05
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти кишти пахта дар Конибодом - 19.04.2019 17:01
Ғолибияти донишҷӯни тоҷик дар олимпиадаи байналхалқӣ - 19.04.2019 16:50
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан-Батист Лемуан мулоқот намуданд - 19.04.2019 11:05
Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият дар Конибодом то имрӯз 153 иншооти гуногун мавриди истифода қарор дода шуд - 19.04.2019 08:44
Гузориш аз ҷои воқеа: "Вақте даъватшаванда Анӯшервон Шомирсаидов бо ҳисси баланди ватандорӣ сухан меронд..." - 19.04.2019 08:29
“Хизмати Ватан – Модар вазифаи мо - ҷавонмардон аст” - 18.04.2019 16:04
"Хуҷанд" дастаи "Дордой"-и Қирғизистонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод - 18.04.2019 09:47
Тақвияти ҳамкориҳо миёни соҳибкорони вилояти Суғд ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар самти содироти маҳсулот - 18.04.2019 09:03
Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд - 18.04.2019 08:25

Миёни донишҷӯён таҳти унвони "Тоҷикистон - минтақаи ҷолиби сайёҳӣ" озмуни мақолаи беҳтарин гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

Бахшида ба "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" миёни донишчӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят таҳти унвони "Тоҷикистон - минтақаи ҷолиби сайёҳӣ" озмуни мақолаи беҳтарин гузаронида мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 12 сентябри соли 2018, № 421 ба тасвиб расид.

Тибқи низомномаи озмун хоҳишмандон метавонанд мақолаҳои худро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ эҷод ва пешниҳоди ҳайати ҳакамон намоянд. Ҳангоми таҳияи мақолаҳо меъёрҳои нигориши мақолоти илмӣ бояд риоя карда шуда, маводи пешниҳодшаванда дар ҷое нашр нагардида бошад.

Муҳлати қабули маводҳо то 1 декабри соли равон сурат мегирад ва ғолибони озмун бо димлом ва мукофотпулиҳо дар ҳаҷми 2500 сомонӣ (ҷойи якум), 1500 сомонӣ (ҷойи дуюм) ва 975 сомонӣ (ҷойи сеюм) сарфароз гардонида мешаванд.

Хоҳишмандон метавонанд барои дарёфти маълумоти иловагӣ ба рақамҳои (83422) 4-68 - 04 ва 4 - 68 - 05 тамос бигиранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Миёни донишҷӯён таҳти унвони "Тоҷикистон - минтақаи ҷолиби сайёҳӣ" озмуни мақолаи беҳтарин гузаронида мешавад