Хабарҳо
Боз як дуруғи наҳзатиҳои ифротӣ вобаста ба сохтмони НОБ-и Роғун - 19.11.2018 20:09
Офтобро бо доман пӯшида намешавад (Ҷавоб ба мақолаи «Воқеият ва худнамоӣ») - 19.11.2018 20:07
С.Никонов: ТЭО ПИВ и философия разрушения - 19.11.2018 20:04
Террорист он и в Африке террорист - 19.11.2018 20:00
Что хочет найти Комитет ООН? - 19.11.2018 19:54
Офтобро бо доман пӯшида намешавад (Ҷавоб ба мақолаи «Воқеият ва худнамоӣ») - 19.11.2018 17:35
Что хочет найти Комитет ООН? - 19.11.2018 10:01
Дар ноҳияи Ашт 10 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд - 19.11.2018 09:14
Дар ноҳияи Ашт 10 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд - 19.11.2018 09:13
Эҳсон Ёқубов, намоде аз қаҳрамонӣ - 18.11.2018 21:29

Идомаи мулоқотҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон

( 0 Овоз )

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, беморхонаи вилоятӣ ва мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд мулоқотҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо устодону донишҷӯён, хонандагону омӯзгорон ва сокинони маҳаллаҳои Сари баландӣ, Навбаҳор, Темурмалик ва Тиллокон баргузор гардид.

Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқотҳо таъкид дошт, ки тибқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 сиёсати давлат дар таъмини пешрафти минбаъдаи кишвар ба афзалият ва самтҳои асосии расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз қабили таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ ва гузаштан ба истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва таъмин кардани дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин вусъати шуғли пурмаҳсул равона мегардад. Зеро муҳайё намудани зиндагии шоиста барои шаҳрвандони кишвар дар оянда низ ҳамчун ҳадафи олӣ ва стратегии мо боқӣ мемонад.

Дар ин ҷода таҳкими рушди устувори иқтисодиёт, ки ба ҷалби сармоя асос меёбад ва бо дарназардошти рушди илм ва инноватсия ба анҷом расонидани саноатикунонии босуръат тавассути баланд бардоштани иқтидорҳо бояд амалӣ гардад.

Бо ин мақсад афзоиши босуръати соҳаҳои саноату кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва сайёҳӣ таъмин гардида, барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими иқтидори содиротии кишвар замина фароҳам оварда мешавад, ки осебпазирии иқтисоди миллии моро аз таъсири манфии омилҳои беруна коҳиш медиҳад.

Инчунин, ҷалбу истифодаи самараноки сармоягузориҳо, ки ба рушди бахши воқеии иқтисодиёт ва инфрасохтор нигаронида шудааст, бояд васеъ ба роҳ монда шавад.

Иштирокдорони маҷлис ба Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Идомаи мулоқотҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон