Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55
Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар чиниши пахта ба кишоварзон кӯмак расониданд - 17.09.2018 09:50

Натиҷаҳои Анҷумани соҳибкорони бурунмарзии вилояти Суғд. Муродҷон Мамадҷонов дар ноҳияи Ашт майдончаи варзишӣ месозад

( 0 Овоз )

Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ашт ба истиқболи ҷашни таърихии 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо намудааст.

Дар баробари мақомоти давлатӣ сокинону фаъолон ва соҳибкорони маҳалливу бурунмарзӣ дар бунёди иншооти ҷашнӣ саҳми назарраси худро гузошта истодаанд. Тибқи иттилои Сайидои Шодӣ, масъули дафтари матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ду соҳибкор тасмим гирифтаанд, ки дар ду мавзеи ноҳия - шаҳраки Шайдон ва мавзеи Ровакон майдончаҳои варзишӣ бунёд намоянд. Соҳибкори маҳаллӣ Пайрав Нозимов ва соҳибкори бурунмарзӣ Муродҷон Мамадҷонов иқдомҳои неки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, дар ободу зебо гардонидани диёри худ саҳми худро мегузоранд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Муродҷон Мамадҷонов зодаи ноҳияи Ашт буда, дар Федератсияи Россия кору фаъолият доранд. Ин соҳибкори бурунмарзӣ пас аз мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкорони бурунмарзии вилоят иқдом гирифт, ки дар ободонии диёр саҳмгузорӣ намояд.  Анҷумани соҳибкорони бурунмарзии вилояти Суғд рӯзи 7 сентябр дар шаҳри Гулистони вилоят доир шуда буд ва дар он 70 нафар соҳибкорони бурунмарзии вилоят иштирок доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Натиҷаҳои Анҷумани соҳибкорони бурунмарзии вилояти Суғд. Муродҷон Мамадҷонов дар ноҳияи Ашт майдончаи варзишӣ месозад