Хабарҳо
Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ нашрияи нави худро аз чоп баровард - 11.12.2018 12:16
М и т и н г ё эҳсони Гобсек - 2 - 11.12.2018 12:07
Мастчоҳ. Баррасии вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат - 11.12.2018 11:01
Пирӯзии Ҳанифа Валиева дар даври ниҳоии озмуни “Мураббияи сол” - 11.12.2018 10:47
Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018»насиби Муродҷон Ҳaйдаров гардид - 11.12.2018 10:42
Наҳзатиҳо барои пуштибонӣ аз ДИИШ дар Берлин гирдиҳамоӣ баргузор мекунад - 11.12.2018 09:21
ИЗҲОРОТИ ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОНИ ЭРОН ВОБАСТА БА ГИРДИҲАМОИИ “НАҲЗАТИЁН” ДАР ОЛМОН - 11.12.2018 09:15
Маҳфили ҷавонони тоҷикистонӣ дар Германия: «Аз номи тоҷикони муқими Аврупо сухан гуфтани як тӯдаи ифротгароёнро қабул надорем! » - 11.12.2018 00:49
АЗ НОМИ ТОҶИКОНИ МУҚИМИ АВРУПО СУХАН ГУФТАНИ ЯК ТУДАИ ИФРОТГАРОЁНРО ҚАБУЛ НАДОРЕМ! - 11.12.2018 00:47
БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД - 10.12.2018 22:19

Баргузории Анҷумани муштараки соҳибкорони ноҳияи Спитамен ва шаҳри Бекобод

( 0 Овоз )

Бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ дар Қасри фарҳанги ноҳия нахустин Анҷумани муштараки соҳибкорони ноҳияи Спитамен ва шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.

Дар кори Анҷумани мазкур раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода Акрам Раҳим, ҳокими шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зафар Файзуллоев, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Қобилов ва ҳайати калони соҳибкорони шаҳри Бекобод ва ноҳияи Спитамен иштирок намуданд.

Раиси ноҳияи Спитамен таъкид дошт, ки Анҷумани мазкур бо мақсади густариши ҳамкориҳои минтақавӣ сурат мегирад. Ҳокими шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зафар Файзуллоев низ таъкид намуд, ки баргузории Анҷумани муштараки соҳибкорон таҷрибаи нахустини ҳамкориҳои расмии ноҳияи Спитамен ва шаҳри Бекобод буда, эътимоди комил аст, ки баргузори чунин чорабинии муштарак барои ҳамкории соҳибкорон шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Қобилов зимни баромади худ қайд намуд, ки маҳз туфайли сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои ду давлати ба ҳам дӯсту бародар ба марҳилаи сифатан нав ворид гардида, он рӯз аз руз рушд мекунад ва баргузори Анҷумани имрӯзаро метавон идомаи мантиқии чунин ҳамкориҳо унвон намуд.

Кори Анҷумани муштараки соҳибкорони ноҳияи Спитамен ва шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо муаррифии имкониятҳои тарафайн, мубодилаи афкори соҳибкорони ҳарду ҷониб ва баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ ба анҷом расид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории Анҷумани муштараки соҳибкорони ноҳияи Спитамен ва шаҳри Бекобод