Хабарҳо
Боз як дуруғи наҳзатиҳои ифротӣ вобаста ба сохтмони НОБ-и Роғун - 19.11.2018 20:09
Офтобро бо доман пӯшида намешавад (Ҷавоб ба мақолаи «Воқеият ва худнамоӣ») - 19.11.2018 20:07
С.Никонов: ТЭО ПИВ и философия разрушения - 19.11.2018 20:04
Террорист он и в Африке террорист - 19.11.2018 20:00
Что хочет найти Комитет ООН? - 19.11.2018 19:54
Офтобро бо доман пӯшида намешавад (Ҷавоб ба мақолаи «Воқеият ва худнамоӣ») - 19.11.2018 17:35
Что хочет найти Комитет ООН? - 19.11.2018 10:01
Дар ноҳияи Ашт 10 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд - 19.11.2018 09:14
Дар ноҳияи Ашт 10 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд - 19.11.2018 09:13
Эҳсон Ёқубов, намоде аз қаҳрамонӣ - 18.11.2018 21:29

Ифтитоҳи Маркази саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ

( 0 Овоз )

Дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бинои нави Маркази саломатӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дар маросими ифтитоҳи марказ раиси ноҳия Ғайрат Азиззода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири тандурустӣ Саида Умарзода, собиқадорони соҳаи тандурустӣ ва сокинони ҷамоат иштирок карданд.

Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ зимни суханронии худ аз рушди соҳаи тандурустӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдоварӣ карда, Маркази саломатиро туҳфаи идонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ноҳияи Мастчоҳ арзёбӣ кард. Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон  Юсуф Маҷидӣ ва муовини Вазири тандурустӣ Саида Умарзода низ ҳозиринро ба муносибати ҷашни фархундаи Истиқлолият ва ифтитоҳи Маркази саломатии замонавӣ таҳният гуфтанд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба як гуруҳ фаъолон ва кормандони соҳаи тиб сипосномаи раиси ноҳия тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ифтитоҳи Маркази саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ