Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55
Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар чиниши пахта ба кишоварзон кӯмак расониданд - 17.09.2018 09:50

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба 27 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Ҳамватанони азиз!

Мардуми шарафманди кишвари азизамон имсол ҷашни мубораки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷонибдорӣ аз сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои беназир истиқбол мегирад.

Истиқлолият рамзи ҳастӣ ва пойдории давлат, ормони    мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мост, ки ба марҳилаи нави давлатдории миллӣ, иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору меҳнатқарини мо ҳусни оѓоз бахшид. Соҳибистиқлолӣ ба мо тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда, он чун хуршеди дурахшон роҳи ояндаи моро нуру зиё бахшид ва баҳри амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои накў нерўи тозаро эҳдо кард. Маҳз тавассути Истиқлолияти давлатӣ мо имкон пайдо намудем, ки арзишҳои милливу фарҳангии хешро дубора эҳё ва ба ҳифзи асолати таърихӣ ва ҳувияти миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Боиси зикр аст, ки имсол дар қаламрави ҷумҳурӣ Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамоянд, ки «Ҳамаи корҳои азими созандагиро, ки то имрўз дар кишвари маҳбубамон амалӣ намудем, ба номи мубораку муқаддаси Истиқлолият анҷом додем. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми шарифи Тоҷикистон барои ҳифзу нигоҳдории давлати навини тоҷикон, пешрафту ободии сарзамини муқаддаси аҷдодӣ ва эҳё намудану гиромӣ доштани арзишу суннатҳои миллӣ саҳми бесобиқа гузоштанд».

Мардуми шарифу сарбаланд тавонист дар тўли таърихи начандон тўлонӣ, новобаста аз даврони пуртазоду печидаи ҷаҳони муосир, роҳу равиши хоса дарёфта, барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ собитқадамона пеш равад. Имрўз таҷрибаи сулҳу давлатдории тоҷикон мактаби омўзиши ҷаҳониён гардидааст.

Мардуми некному сарбаланди мо соли 2021-ум 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутантан таҷлил менамояд.Ҷиҳати сазовор ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллат дар вилоят 1300 рўзи меҳнати зарбдор эълон гардидааст.

Итминони комил дорам, ки ҳар фарди соҳибдилу ватандўсти кишвар, ки эҳсоси баланди худогоҳиву хештаншиносӣ дорад, ҷашнро бо бунёдкориву созандагӣ истиқбол мегирад.

Бигузор дастоварди бузургтарини миллатамон – Истиқлолияти давлатӣ ҷовидон бимонад!

Ҷашни пуршукўҳи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба 27 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон