Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55
Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар чиниши пахта ба кишоварзон кӯмак расониданд - 17.09.2018 09:50

Маҳфили идонаи занҳо бахшида ба Рӯзи Истиқлолият

( 0 Овоз )

Дар саҳни чойхонаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маҳфили идона бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни маҳфил Нигора Ғаффорзода, сардори раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд, Наим Маликисломӣ, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, Биҳоҷал Раҳимова, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Саодат Аминҷонова, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон баромад намуда, дар бораи арзишҳои Истиқлолият ҳарф заданд. Зикр гардид, ки дар муддати 27 соли Истиқлолият миллати тоҷик тавонист, ки мақоми ҷумҳуриро дар арсаи байналмилалӣ боло бардошта, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшад.

Сипас, аз тарафи хонандагони макотиби шаҳр шеъру сурудҳо дар васфи Ватану миллат ва Истиқлолият қироат ва саройида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Маҳфили идонаи занҳо бахшида ба Рӯзи Истиқлолият