Хабарҳо
Сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ва nahzat.ru, ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ хизмат мекунанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуданд - 09.04.2020 16:44
ПОСЛАНИЕ ЛИДЕРА НАЦИИ И ПРОБЛЕМЫ РАЗВИТИЯ ПРОСВЕЩЕНИЯ. Размышления доктора политических наук, члена-корреспондента Академии наук Республики Таджикистан С. Ятимова - 09.04.2020 14:18
Мулоқоти Раиси вилоят бо сокинону фаъолони Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 09.04.2020 13:28
Хизмат ба Ватан — қарзи муқаддаси ҳар ҷавонмард аст! - 09.04.2020 10:35
Иштирокчиёни озмуни вилоятии “Кадбонуи беҳтарин” таомҳои омодакардаи худро ба даъватшавандагон тақдим карданд - 09.04.2020 10:07
Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 09.04.2020 09:05
Ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон раисони як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ телефонӣ ҳисобот доданд - 09.04.2020 09:04
Дар шаҳри Бӯстон оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва вусъати корҳои ободонӣ мулоқот доир шуд - 08.04.2020 15:05
Дар шаҳри Гулистон дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият то имрӯз 129 иншоот ба истифода дода шуд - 08.04.2020 15:03
«Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» китоби нави «Камол дар оинаи тазкираҳо» -ро ба нашр расонид - 07.04.2020 15:45

Навиди Суғд


Сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ва nahzat.ru, ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ хизмат мекунанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуданд

( 0 Овоз )

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бастани сомонаҳои интернетии www.akhbor.com  ё «Ахбор.ком» («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru») дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манъи воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аризаи мазкур бо мақсади таъмини ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирӣ кардани  фаъолияти террористию экстремистӣ пешниҳод карда шудааст.

Аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди Олӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бо ҳалномаи Суди  Олӣ аз 18 феврали соли 2020  қонеъ  карда шудааст.

Дар асоси ҳалномаи Суди Олӣ сомонаҳои интернетии www.akhbor.com  ё «Ахбор.ком» («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru»), ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистии «Ҳизби Наҳзати Ислом», «Паймони миллии Тоҷикистон» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ хизмат мекунанд, баста шуда, воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Ҳалномаи Суди Олӣ 19 марти соли 2020 эътибори қонунӣ пайдо кардааст.

 

ПОСЛАНИЕ ЛИДЕРА НАЦИИ И ПРОБЛЕМЫ РАЗВИТИЯ ПРОСВЕЩЕНИЯ. Размышления доктора политических наук, члена-корреспондента Академии наук Республики Таджикистан С. Ятимова

( 0 Овоз )

«Важнейшим свойством Послания Лидера нации является постижение, решение общественных проблем

Хизмат ба Ватан — қарзи муқаддаси ҳар ҷавонмард аст!

( 0 Овоз )

Сарафроз Музайянов- писари комиссари ҳарбии шаҳри Конибодом, полковник Ҳоҷӣ Музайянзода ихтиёран барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст.

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат гуфтанд: «Роҳбарони ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ, аъзои Ҳукумат ва вакилони Парлумон, то раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бояд худашон намуна бошанд. Фарзандони онҳо дар навбати аввал ва ҳатман ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳозир бошанд. Зеро ҳама дар назди қонун баробаранд ва ҳамаи табақаҳои аҳолӣ вазифадоранд, ки талаботи онро риоя намоянд».

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом хабар доданд, дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва ба ҷо овардани қарзи шаҳрвандӣ дар қатори ҷавонписарони дигар минтақаҳои мамлакат як гурӯҳ ҷавонони шуҷои шаҳри Конибодом низ ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ сафарбар шуданд.

Яке аз ин ихтиёриён – даъватшавандагон Сарафроз Музайянов, писари комиссари ҳарбии шаҳри Конибодом мебошад, ки ихтиёран ва дар асоси насиҳатҳои падари худ, полковник Ҳоҷӣ Музайянзода ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст.

Раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода ин иқдоми комиссари ҳарбии шаҳр ва писари ӯ Сарафрозро, ки хатмкардаи Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошад, барои дигар ҷавонон намунаи ибрат арзёбӣ намуд. Мавсуф афзуд, ки барои ҳар як ҷавон хизмат дар сафи Артиши миллӣ- ин қарзи шаҳрвандӣ, мактаби мардонагӣ ва диловарӣ  мебошад.


Иштирокчиёни озмуни вилоятии “Кадбонуи беҳтарин” таомҳои омодакардаи худро ба даъватшавандагон тақдим карданд

( 0 Овоз )

8 апрел дар маркази вилоят даври вилоятии озмуни “Кадбонуи беҳтарин” гузаронида шуд.

Дар озмуни мазкур, ки бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, ҷалби занони ҳунарманд, кадбонуҳои хушзавқ, эҳёи таомҳои миллӣ, рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона гузаронида шуд, намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзида, маҳорати пазандагии хешро ба намоиш гузоштанд.

Озмун аз рӯи ҳафт шарт, аз ҷумла ороиши дастурхон, пешниҳоди таомҳои миллӣ ва муосир, хуришҳо ва амсоли ин сурат гирифта, дар ҷамъбаст аз тарафи муовини Раиси виолоят Зайнура Азимӣ ба 21 нафар ғолибони озмун туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тақдим карда шуд.

Дар охир иштирокчиёни озмуни вилоятии “Кадбонуи беҳтарин” таомҳои барои озмун омодакардаи худро ба Комиссарияти ҳарбии вилоят дастрас ва ба даъватшавандагони шаҳру ноҳияҳо тақдим намуданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 


Дар шаҳри Бӯстон оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва вусъати корҳои ободонӣ мулоқот доир шуд

( 0 Овоз )

Дирӯз дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо иштироки роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ва раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода бо аҳли ҷамоати шаҳр мулоқот доир гардид.

Роҳбари шаҳр нахуст аз пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ, аз қабили бемории сироятии намуди нави коронавирус, саҳмгузорӣ дар вусъати корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони ибрози назар намуд.

«Имрӯз сирояти коронавирус кулли мардуми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Хушбахтона, дар мамлакати мо ин бемории сироятӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки баҳри пешгирии ин вируси марговар аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, ба тавсияи табибон ва қоидаҳои аввалини тиббию санитарӣ риоя намоем»,-гуфт Р. Ҳошимзода ва тадбирҳои андешидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус шарҳ дод.

Муовини якуми раиси шаҳри Бӯстон Қаюмҷон Маҳмудзода оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вобаста ба омодагиҳо ҷиҳати истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт.

Ҳамзамон  сартабиби беморхонаи марказии шаҳр Умедҷон Абдуллоев вобаста ба ҳолати омодабоши муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳри Бӯстон ибрози назар кард.

Роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён сокинонро ба пешгирии ҳама гуна ҳангомаву бӯҳтон ва хабарҳои беасос даъват намуда,  хоҳиш кард, ки ба ҷои ин дар вусъати корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузоранд.

Дар фарҷом раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода оид ба тақвияти корҳои тарғиботиву равшаннамоӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб ва пешгирии баландравии беасоси молу маҳсулот ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Бӯстон тибқи амри раиси шаҳр ситоди доимоамалкунанда вобаста ба пешгирии сирояти намуди нави коронавирус ташкил карда шуда, дар заминаи он нақшаи чорабиниҳои пешгирикунанда таҳия гардидааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


ШУМО ДАР: Навиди Суғд