Хабарҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид - 23.05.2020 17:26
Cитоди вилоятии назди Раиси вилоят бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 - 23.05.2020 16:09
Ҳамроҳ Тоҳироваи 100 сола: “То саҳар дуо мекунам, то ин ки короновирус аз сарзамини мо нест шавад” - 22.05.2020 19:21
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар остонаи Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 16:49

Навид

Имсол 170 корхонаи нав бунёд мешавад

( 0 Овоз )

Имсол 170 корхонаи нав бунёд мешавад

Видео : Оғози бунёди шаҳраки нав дар Кӯҳистони Мастчоҳ

Дар машварати корие, ки таҳти раёсати Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо иштироки масъулини воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, раисони шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони корхонаҳои соҳаи саноат имрӯз, 30 январ баргузор гардид, фаъолияти саноатчиён дар соли 2014 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин машварат роҳбарони 163 корхонаи истеҳсолӣ ширкат доштанд ва пас аз баррасии нишондиҳандаҳои соли гузашта дурнамои фаъолият барои соли 2015 муайян карда шуд.

Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарияти корхонаи “Хуаксин – Ғаюр - Суғдсемент”

( 0 Овоз )

Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарияти корхонаи “Хуаксин – Ғаюр - Суғдсемент”

Видео : Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарияти корхонаи “Хуаксин – Ғаюр - Суғдсемент”

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ роҳбарияти корхонаи муштараки сементбарории Тоҷикистону Чин “Хуаксин – Ғаюр - Суғдсемент” – ро дар ҳайати директори кулли корхона хонум Лю Юн Ся ва роҳбари намояндагии ширкат дар Тоҷикистон Акбар Ғуломов ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҳамкориҳои судманди дуҷониба, вусъати корҳои сохтмонӣ дар корхонаи нави сементбарорӣ, ки моҳи апрели соли 2014 бо иштироки Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди он санги асос гузошта шуда буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

120 000 сомонӣ барои озмуни намоишномаи беҳтарин дар мавзӯи оила

( 0 Овоз )

120 000 сомонӣ барои озмуни намоишномаи беҳтарин дар мавзӯи оила

Видео : 120 000 сомонӣ барои озмуни намоишномаи беҳтарин дар мавзӯи оила Дар доираи эълон гардидани «Соли оила» аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар байни театрҳои касбиву халқии вилоят озмуни намоишномаи беҳтарин дар мавзӯи оила гузаронида шуда, он дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст карда мешавад. Беҳтаринҳо бо мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 120 ҳазор сомонӣ мебошад, сарфароз мегарданд.

Ин нукта зимни мулоқоти Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо намояндагони аҳли фарҳанги вилоят, ки имрӯз, 29 январ дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд доир гардид, таъкид шуд.

Ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят

( 0 Овоз )

Ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят

Видео : Ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят Дар ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки таҳти раёсати Раиси Шӯрои ҷамъиятии ҳаракат, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, имрӯз, 28 январ доир гардид, фаъолияти Шӯро дар соли 2014 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вазифаҳои аъзои ҳаракат барои соли равон муайян гардиданд.

Дар оғози ҷаласа бо назардошти ба амал омадани тағиротҳои кадрӣ чанд нафар аъзои нави Шӯро пешниҳод ва қабул карда шуданд.

Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд

Видео : Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд Имрӯз, 28 январ дар қароргоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти раёсати Раиси Шӯро, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сурат гирифт. Дар кори Шӯро аъзои он аз қабили намояндагони аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва кормандони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Дар ҷаласа як масъала – ҷамъбасти фаъолияти Шӯро дар соли 2014 ва тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2015 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

ШУМО ДАР: Навид