Хабарҳо
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо интихобкунандагон - 12.02.2020 16:00
Сафари кории Раиси вилояти Суғд ба шаҳри Конибодом - 12.02.2020 16:12
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намуданд - 13.02.2020 08:15
Хуҷанд. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 13.02.2020 17:25
Шиносии Раиси вилоят аз фаъолияти корхонаи «Садаф» - 14.02.2020 14:47
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо раванди корҳои ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд шинос шуд - 14.02.2020 14:49
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати Ҳукумат ва чандин вазорату кумитаҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд - 14.02.2020 17:12
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Спитамен - 15.02.2020 09:19
Спитамен: Раҷаббой Аҳмадзода барқарқароркунандагони сохти конститусиониро аёдат намуд - 15.02.2020 10:25
Баргузории ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ - 15.02.2020 14:26

Навид

Абдураҳмон Қодирӣ Сергей Лисовскийро ба ҳузур пазируфт

( 0 Овоз )

Абдураҳмон Қодирӣ С.Ф. Лисовскийро ба ҳузур пазируфт

Видео : Абдураҳмон Қодирӣ Сергей Лисовскийро ба ҳузур пазируфт

Рӯзи шанбе, 9 август Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳайати расмии Федератсияи Русияро бо роҳбарии узви Шӯрои Федератсияи Русия, муовини якуми раиси Кумита оид ба сиёсати аграрӣ – озуқаворӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ ҷаноби Сергей Лисовский ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот Раиси вилоят оид ба дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла амалӣ намудани ислоҳоти кишоварзӣ дар вилояти Суғд, ки дар натиҷаи он  32 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ ташкил гардид, маълумот дод.

Вохурии Раиси вилоят бо ҳайати дастаи футболи «Хуҷанд»

( 0 Овоз )

Вохурии Раиси вилоят бо ҳайати дастаи футболи «Хуҷанд»

Видео : Вохурии Раиси вилоят бо ҳайати дастаи футболи «Хуҷанд»

Имсол дар лигаи олии Чемпионати миллии Тоҷикистон аз вилояти Суғд се даста – «Хуҷанд» - и шаҳри Хуҷанд, «Парвоз» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва «Далерон – Уротеппа» - и шаҳри Истаравшан иштирок доранд.

Бо мақсади шиносоӣ аз бурду бохти футболи вилоят ва фаъолияти дастаҳо, имрӯз Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ роҳбарият ва ҳайати дастаи «Хуҷанд» - ро ба ҳузур пазируфт. Роҳбари вилоят ҳадаф аз ин мулоқотро ҷоннок намудани фаъолияти даста ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи футболи вилоят арзёбӣ кард.

Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо варзишгарони номии вилоят

( 0 Овоз )

Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо варзишгарони номии вилоят

Видео : Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо варзишгарони номии вилоят

Имрӯз, 8 август Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо 11 нафар варзишагрони номии вилоят, ки эҳтимолияти иштирок дар бозиҳои  олимпии Рио–де–Женейроро соҳибанд, мулоқот орост.

Зимни ин мулоқот, ки бо ҳузури варзишгарони шинохтае чун Ҷаҳон Қурбонов, Асрор Воҳидов, Наврӯз Ҷафоев, Далер Сулаймонов, Комроншоҳи Устопириён, Мурод Тӯйчиев, Хусрав Облобердиев, Сарвар Исҳоқов, Кристина Проженко, Александр Проженко ва Виталӣ Сериков доир гардид, таъкид шуд, ки барои омодагии онҳо ба бозиҳои олимпӣ кӯмак расонида мешавад.

Мулоқот бо ҳайати КФ «Далерон-Уротеппа»

( 0 Овоз )

Мулоқот бо ҳайати КФ Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ имрӯз бо ҳайати дастаи «Далерон-Уротеппа» - и шаҳри Истаравшан мулоқот доир намуд.

Бояд гуфт, ки дастаи «Далерон-Уротеппа» соли 2011 ташкил ёфта, соли 2012 аъзои Федератсияи футболи Тоҷикистон ва худи ҳамон сол чемпиони вилоят ва ҷоизадори Ҷоми Раиси вилояти Суғд гардидааст. Ин даста соли гузашта дар лигаи якум соҳиби мақоми сеюм гашта, ба лигаи миллии мамлакат роҳхат гирифтааст. Даста алҳол аз рӯи натиҷаи бозиҳо дар зинаи ҳафтуми ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст.

Оғози навсозии роҳи маҳаллаи Навбаҳор дар Хуҷанд

( 0 Овоз )

Оғози навсозии роҳи маҳаллаи Навбаҳор дар Хуҷанд

Дар доираи «Соли 2014 –соли роҳҳои обод» дар қаламрави вилояти Суғд мумфарш ва навсозии роҳҳо босуръат идома дорад. Корҳои ободкорӣ дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Имрӯз, 7 август бо  иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ  мумфаршкунии боз як маҳаллаи шаҳри Хуҷанд - Навбаҳор  оғоз гардид.

Ҳангоми мулоқот бо сокинони ин маҳал Раиси вилоят таъкид дошт, ки давоми соли 2014 мувофиқи Барномаи вилоятии «Соли 2014 – соли роҳҳои обод» дар вилоят беш аз 2 ҳазору 60 километр роҳҳо  таъмиру азнавсозӣ шудаанд.

ШУМО ДАР: Навид