Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55
Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар чиниши пахта ба кишоварзон кӯмак расониданд - 17.09.2018 09:50

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

( 0 Овоз )

Субҳи имрӯз, 14-уми августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.

Муассисаи таълимии мазкур бо таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити таҳсил бо сифати баланд сохта ба истифода дода шуд.
Бино аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, он бо тарҳи нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд гардидааст.

Қитъаи замини ҷудогардида барои сохтмони бинои мактаби нав якуним гектар буда, масоҳати умумиаш 9 ҳазору 660 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки санги асос барои бунёди чунин як муассисаи наву муосир аз ҷониби Пешвои миллат гузошта шуда буд.

Корҳои сохтмонӣ бошад, тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе моҳи июли соли 2017 оғоз гардида, он дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 туҳфаи арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Рӯзи дониш ва 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати омӯзгорону хонандагон ба ҳисоб меравад.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31 дар ду баст барои 3 ҳазору 120 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Дар маҷмӯъ бинои нави муассисаи таълимӣ дорои 61 синфхонаи умумӣ, аз ҷумла 43 синфхонаи таълимӣ, 2 синфхонаи компютерӣ, 5 синфхонаи фаннии физика, кимиё, биология, геграфия ва омодагии ҳарбӣ мебошад.

Ҳамзамон барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ 4 синфхона бо тамоми шароит сохта шуда, дар мактаби нав 2 синфхонаи лингафонӣ, синфхонаи суруд, 4 синфхонаи таълими меҳнат, дуредгарӣ, дӯзандагӣ ва қаннодӣ низ амал мекунад. Ин тадбири муҳим имкон медиҳад, ки хонандагон дар баробари донишомӯзӣ ҳамчунин касбу ҳунарҳои гуногунро омӯзанд. Дар синфхонаи таълими меҳнат духтарон имкон доранд, ки касби дӯзандагиро аз худ намоянд. Писарон бошанд, дар синфхонаи таълими меҳнат, ки бо таҷҳизоти нави соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст, нозукиҳои касби дуредгариро меомӯзанд.

Китобхонаи муассисаи таълимӣ дар масоҳати 192 метри мураббаъ бунёд шуда, бо таҷҳизоти муосир, асарҳои бадеӣ ва китобҳои илмӣ таъмин мебошад.

Ҳамзамон дар мактаби навбунёд китобхонаи электронӣ мавҷуд аст, ки он дорои шароити муосир мебошад. Барои ба варзиш машғул шудани хонандагон толори барҳавои варзишӣ бо 200 ҷойи нишаст бунёд карда шудааст, ки хонандагон метавонанд ба обу тоби бадан машғул шаванд. Иншооти муосири таълимӣ ҳамчунин дорои ошхона барои 180 ҷой ва маҷлисгоҳ барои 250 ҷойи нишаст мебошад.

Барои таъмини беҳатарӣ ва назорати ҷараёни таълим дар дохил ва атрофи бинои муассисаи таълимӣ қариб 120 адад камераи назоратӣ насб гардидааст.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо синфхонаҳои муассисаи нави таълимӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Зимни суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро барои соҳибмаълумот намудани насли наврас, дар рӯҳияи хештаншиносӣ ба камол расондани онҳо даъват намуда, хонандагонро бештар барои аз худ кардани донишҳои муосир, махсусан омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи нав ҳидоят карданд.

Муассисаи таълимӣ ду хати озоди баландшиддат аз зеристгоҳи барқӣ ва 2 зеристгоҳи 1000 киловолта дорад. Бо мақсади дар фасли зимистон бо гармӣ пурра таъмин намудани синфхонаҳо ва утоқҳои кории муассисаи таълимӣ он бо хати гармидиҳии мутамаркази шаҳрӣ, инчунин системаи мустақили гармидиҳии муассиса ба се адад дегхона пайваст мебошад.
Дар баробари ин бино бо системаи аз сӯхтор огоҳкунанда ва бо шабакаи интернет, инчунин системаи радиошунавонӣ таъмин аст. Барои сабзу хуррам гардондани атрофи бинои нави муассисаи таълимӣ дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст.

Ҳамчунин барои ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла футболи хурд, волейбол ва басткетбол майдончаи муосири варзишӣ ва майдончаи ҳарбӣ сохта шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ҳамчун соҳаи пешбарандаи ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд ва бунёду навсозии муассисаҳои таълимии муосир низ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошад, ки барои таъмини пешрафти соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат амалӣ карда мешаванд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе