Хабарҳо
Дар ноҳияи Деваштич сохтмони биноҳои таваллудхонаи марказӣ, нозироти андоз, маркази адлия ва раёсати молия идома дорад - 13.11.2018 14:57
“Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди устувори мамлакат”-баргузории конфронс дар Мастчоҳ - 13.11.2018 14:19
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони маркази саломатӣ ва муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Деваштич - 13.11.2018 14:12
Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони шаҳри Гулистон баргузор шуд - 13.11.2018 12:10
Таджикистан не проходной двор, чтобы всякого рода хармуроды, гулмуроды нападали на него - 12.11.2018 20:43
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Мастчоҳ - 12.11.2018 15:52
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Николай Шербаковро ба ҳузур пазируфт - 12.11.2018 15:48
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти гармхонаҳо /АКСҲО/ - 12.11.2018 15:02
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти гармхонаҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен - 12.11.2018 14:38
Баррасии рафти омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 - 12.11.2018 12:56

РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА: Таҷлили Рӯзи варзишгарон намунаи олии арҷгузорӣ ба корномаҳои варзишгарону мураббиён маҳсуб меёбад

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 9
  • Минбаъда

10 августи соли 2018 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии маркази вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи варзишгарон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар чорабинии мазкур нахуст аз намоиши дастовардҳои варзишгарони вилоят боздид намуд.

Дар аснои суханронии худ Раиси вилоят кулли варзишгарон, собиқадорони соҳа, мураббиён, тамоми дӯстдорони тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро ба муносибати фарорасии Рӯзи варзишгарон табрик гуфт.

Таъкид гардид, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 10-уми август ҳамчун Рӯзи варзишгарон бо шукуҳи хоса ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили Рӯзи варзишгарон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар мамлакат дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, намунаи олии арҷгузории корномаҳои варзишгарону мураббиён ба шумор меравад.

Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии варзишгарон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Варзишгарони вилоят ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, барои расидан ба мақсадҳои хеш талошу кӯшишҳои фаровоне ба харҷ доданд.

Ҷараён гирифтани тадбирҳои шоиста дар самти таҷдид, бунёд ва азнавсозии маҷмааву варзишгоҳҳо дар марказҳои шаҳру навоҳии кишвар, таъсиси ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои варзишгарони беҳтарини кишвар, эҳёи намудҳои варзиши миллӣ ва амсоли инҳо шаҳодати равшани гуфтаҳои боло ба шумор мераванд, ки ҳамагӣ баҳри пешрафти варзиш ва зиёд шудани дастовардҳои варзишгарон равона шудаанд.

Дар нимсолаи якуми соли 2018 барои ташкили самаранокии чорабиниҳои варзишӣ, иштироки варзишгарони вилоят дар чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз буҷети вилоят беш аз 453 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид.

Тибқи тақвими ягонаи чорабиниҳои варзишӣ, оммавӣ-солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ барои соли 2018-ум 37 мусобиқаву чемпионатҳои вилоятӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо 1483 нафар варзишгарони вилоят, аз ҷумла 283 нафар духтарон дар 43 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, инчунин 65 нафар варзишгарон, аз ҷумла 8 нафар бонувон дар 16 мусобиқаҳои байналмилалӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сарпарастон иштирок намуда, ба ҷойҳои намоён сазовор гардиданд.

Бо назардошти иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз рӯи намудҳои олимпӣ ва ғайриолимпӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2018-ум беш аз 840 нафар варзишгарони вилоят соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гаштанд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои рушди соҳаи варзиш як силсила барномаҳоро қабул ва амалӣ карда, кӯшиш менамояд, ки барои инкишофи мунтазами соҳаи варзиш тамоми шароити заруриро фароҳам орад. Бо қарорҳои Раиси вилоят аз 2 октябри соли 2017 Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи маҳаллии маҷмўии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021» ва «Барномаи рушди футбол дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021» тасдиқ гардиданд, ки айни замон мавриди амал қарор дорад.

Тақдими Стипендияи Раиси вилоят ба 49 нафар варзишгарони беҳтарини вилоят, қадршиносии варзишгарон, иштироки дастаҳои футболи вилоят дар лигаи олӣ ва лигаи якуми мамлакат, гузаронидани беш аз 674 мусобиқаҳои вилоятию минтақавӣ ва маҳаллӣ, таъмини иштироки дастаҳои мунтахаби вилоят ба чемпионатҳои ҷумҳурӣ ва мусобиқаҳои байналмилалию ҷаҳонӣ шаҳодати татбиқи бомароми ин санадҳои муҳими мусоидаткунанда ба рушди соҳаи варзиш ба шумор меравад.

-Дар ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо варзишгарон, давоми солҳои 2016-2018 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 302 иншооти варзишӣ аз ҷумла, 212 майдонча, 85 толор, 1 кох, 2 ҳавзи шиноварӣ ва 1 варзишгоҳ ба маблағи 6 миллиону 395 ҳазор сомонӣ таъмиру тармим карда шуда, 159 иншооти варзишӣ, аз ҷумла, 132 майдонча, 17 толор, 2 ҳавзи шиноварӣ, 2 маҷмаа, 1 маркази фитнес-теннис ва чандин иншооти варзишии хурду бузург, бо сарфи беш аз 43 миллиону 551 ҳазору 460 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сарпарастон, сохта ба истифода дода шуданд.

Дар радифи силсилаиқдомҳо дар самти ҳарчӣ бештар оммавӣ гардонидани варзиш ва бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд танҳо соли равон бунёди 107 иншооти гуногуни варзишӣ дар назар дошта шудааст, ки то имрўз 50 адади онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, - иброз дошт Раиси вилоят.

Изҳори умед карда шуд, ки минбаъд низ варзишгарони умедбахши вилоят ва устодони онҳо тамоми маҳорату таҷрибаи андўхтаашонро барои тарғибу ташвиқи варзиш, оммавигардонии он, инчунин омода намудани ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ ва аз ин роҳ боз ҳам баланд бардоштани мақом ва эътибори мамлакат дар арсаи байналмилалӣ равона хоҳанд намуд.

Сипас, ба як қатор варзишгарони беҳтарини вилоят ва собиқадорони соҳа Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии роҳбарияти вилоят тақдим карда шуд. Барномаи рангини фарҳангӣ ба чорабинии идона шукуҳи хоса бахшид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд










Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА: Таҷлили Рӯзи варзишгарон намунаи олии арҷгузорӣ ба корномаҳои варзишгарону мураббиён маҳсуб меёбад