Хабарҳо
Конфронси байналмилалӣ дар Истанбул: «Хатари ташкилоти террористии ҳизби наҳзат аз «ДОИШ» ва «Ал-қойида» кам нест» - 19.10.2018 21:30
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.10.2018 15:28
Боздиди Раиси вилоят аз Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ - 19.10.2018 13:40
«Рушди соҳибкорӣ дар замони муосир: муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли он» - конференсияи ҷумҳуриявӣ дар ДДҲБСТ - 19.10.2018 12:44
Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ /АКСҲО/ - 19.10.2018 13:01
Деваштич: Диёр обод, зиндагӣ хуррам.... - 19.10.2018 09:40
214 нафар хонандагони мактабҳои вилояти Суғд дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд - 19.10.2018 09:38
Нақшаи даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 104 фоиз таъмин гардид - 19.10.2018 09:37
Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилояти Суғд дар нуҳ моҳ 12 млрд. 766,2 млн. сомониро ташкил кард - 19.10.2018 09:35
Таджикистан за межгосударственные отношения и против поддержки терроризма - 18.10.2018 15:34

Дар Ҷамоати деҳоти Ворух ба бунёди бинои иловагии мактаби рақами 23 санги асос гузошта шуд

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Видео :Дар Ҷамоати деҳоти Ворух ба бунёди бинои иловагии мактаби рақами 23 санги асос гузошта шуд 7 августи соли равон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ба бунёди бинои иловагии мактаби рақами 23 санги асос гузошта шуд.

Раиси вилоят ҳангоми суҳбат бо сокинони ҷамоат иброз дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми мактабҳои садамавии вилоят навсозӣ гардида, сохтмони биноҳои нави таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Мактаби рақами 23 аз ҷумлаи мактабҳои дар ҳолати садамавӣ қарордошта маҳсуб меёфт ва маҳз бо назардошти ин омил бунёди бинои иловагӣ зарур дониста шуд.

Бинои иловагӣ аз 8 синфхонаи иборат буда, он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта мешавад.

Сипас, Раиси вилоят дар ҷамоати мазкур бо рафти корҳои мумфаршкунии роҳи марказӣ шинос гардид. Ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки бо ташаббуси сокинони ҷамоат беш аз 8 км роҳи марказӣ аз ҳисоби соҳибкорону саховатмандон пурра мумфарш карда мешавад. Раҷаббой Аҳмадзода аз саҳмгузории фаъолон дар ободонии роҳҳо хуш истиқбол карда, зикр кард, ки ин иқдом намунаи олии ватандӯстии сокинони ҷамоат маҳсуб меёбад.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят бо ҳолати кунунии хонаи фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ворух ошно гардида, бо назардошти вазъи ногувори он ба масъулини Идораи сохтмони асосии вилоят дастур дод, ки ҷиҳати таҳияи лоиҳаи навсозии иншооти фарҳангӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Раиси вилоят зимни сафар ба шаҳри Исфара инчунин бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар Осоишгоҳи “Зумрад” таваҷҷуҳ зоҳир намуда, саҳми муассиси онро дар ободонии осоишгоҳи овозадор назаррас арзёбӣ кард. Иттилоъ дода шуд, ки роҳбарияти Осоишгоҳи “Зумрад” дар баробари корҳои ободониву созандагӣ ба тарбияи кадрҳои ҷавон низ  таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Маҳз бо дастгирии роҳбарияти осоишгоҳ имсол 8 нафар ҷавонон барои таҳсил ба донишгоҳи тиббӣ фиристода мешаванд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара Раиси вилоят ҳамзамон наздик 10 нафар собиқадорони соҳаҳои гуногунро аёдат намуда, ба онҳо туҳфаҳои пулӣ тақдим кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд






Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Дар Ҷамоати деҳоти Ворух ба бунёди бинои иловагии мактаби рақами 23 санги асос гузошта шуд