Хабарҳо
Дар шаҳри Панҷакент бо ҷалби фаъолзанон ҷаласаи корӣ доир гардид - 17.08.2018 08:21
Дар деҳаи Навободи шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ бунёд мегардад - 16.08.2018 13:37
Хуҷанд. Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид - 16.08.2018 13:35
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ: 566 шаҳрванд бо кор таъмин шуданд - 16.08.2018 10:00
Дар Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад - 16.08.2018 09:52
Занону духтарон роҳбариро меомӯзанд - 16.08.2018 09:04
АЁМИДДИН САТТОРОВ дар бораи хиёнаткориҳои ҲНИ (Видео) - 15.08.2018 17:35
Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб /АКСҲО/ - 15.08.2018 15:18
Раҷаббой Аҳмадзода: То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 260 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд ва навсозӣ карда мешавад - 15.08.2018 13:45
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15.08.2018 09:58

Дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара толори нави варзишӣ бунёд мешавад

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

Видео :Дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара толори нави варзишӣ бунёд мешавад Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ташриф оварда, дар деҳаи Хоҷаи Аъло ба бунёди толори варзишӣ санги асос гузошт.

Толори варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24 бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд карда мешавад. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24-и деҳаи мазкур 460 хонанда таҳсил мекунанд ва бунёди толори варзишӣ имкон медиҳад, ки хонандагон ба намудҳои гуногуни варзиш машғул гарданд.

Раиси вилоят бо устодону хонандагон ва фаъолони деҳаи Хоҷаи Аъло суҳбат намуда, таъкид кард, ки хонандагон бояд бо истифода аз имкониятҳои фароҳамшуда хуб таҳсил намуда, дар оянда барои пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд. Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз густариши корҳои бунёдкорӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Исфара ёдовар шуд ва аз устодон даъват намуд, ки наврасону ҷавононро дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ тарбия намоянд.

Бобоҷон Тӯйчиев – собиқадори меҳнат миннатдории сокинони деҳаро ба роҳбарияти вилоят баён намуда, иброз дошт, ки сокинони ҷамоат бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободонии маҳал саъйю талош менамоянд. Мавсуф ҳамзамон аз номи сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло қатли сайёҳон дар ноҳияи Данғараро маҳкум карда, таъкид кард, ки ба ташкилкунандагони ҳодисаи нангин ҷазои сазовор дода шавад.

Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии картошка ва кишти такрории зироатҳо дар Кооперативи истеҳсолии “Чоркӯҳ” шинос гардид. Тавре зимни боздид аён гардид, кишоварзон баъд аз дарави ғалла кишти такрории зироатҳоро ба роҳ монда, ҳосили картошкаро ҷамъоварӣ менамоянд. Раиси вилоят дар суҳбат бо кишоварзон ҷиҳати бунёди гармхонаҳои замонавӣ, парвариши помидору бодиринг ва содироти он тавсияҳои муфид дод.

Ёдовар бояд шуд, ки Кооперативи истеҳсолии “Чоркӯҳ” дорои беш аз 900 гектар замин буда, дар он асосан ғалла ва картошкаву сабзавот кишт ва парвариш карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд







Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара толори нави варзишӣ бунёд мешавад