Хабарҳо
Дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд - 16.11.2019 15:59
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ муайян гардиданд - 16.11.2019 15:55
Дар Қасри таърихии Арбоб бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд - 16.11.2019 13:46
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСП «Оби зулол» - 15.11.2019 15:39
Ифтитоҳи Маркази фароғатию тиҷоратии «Истаравшан-ситӣ» - 15.11.2019 15:38
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ як қатор чорабиниҳои илмиву адабӣ, оммавӣ ва варзишӣ гузаронида мешавад ​ - 15.11.2019 12:05

Ба маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд 25 адад автобусҳои замонавии истеҳсоли Федератсияи Россия ворид карда шуд

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 9
  • Минбаъда

Видео :Ба маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд 25 адад автобусҳои замонавии истеҳсоли Федератсияи Россия ворид карда шуд Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд», ки бо маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд амалӣ хоҳад шуд, ба маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд 25 адад автобусҳои замонавии истеҳсоли Федератсияи Россия ворид карда шуд.

Дар ин бора зимни машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки чанде пеш дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки муовинони Раиси вилоят, сардори Раёсати ВКД дар вилоят, роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва масъулини соҳаи нақлиёт доир гардид, иттилоъ дода шуд. Раиси вилоят дар машварат ба масъулини соҳаи нақлиёт ва комуникатсия ҷиҳати истифодаи самараноки автобусҳои воридшуда ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сипас, Раиси вилоят ба Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд» ташриф оварда, автобусҳои воридшударо мавриди назар қарор дод. Тавре иттилоъ дода шуд, бо амалишавии пурраи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» ба маркази вилоят дар маҷмӯъ 100 адад автобус ворид карда мешавад ва дар марҳилаи аввал 25 автобус оварда шуд. Таъкид гардид, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ва харидорӣ шудани нақлиёти мусофиркашон ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва аз байн бардоштани мушкилоти мавҷуда мусоидат хоҳад кард.

Автобусҳои воридкардашуда ҷавобгӯи талаботи замони муосир буда, ҳар як автобус дар як вақт метавонад беш аз 70 мусофирро ба манзил бирасонад. Тибқи иттилои масъулин автобусҳо дар 10 хатсайр ҳаракат мекунанд.

Раиси вилоят пас аз шиносоӣ ба масъулин ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати қароргоҳи автобусҳо, муҳайё намудани шароит барои муоинаи техникии чунин навъи нақлиёт, ҷалби ронандагони ботаҷриба ба кор ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд











Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ба маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд 25 адад автобусҳои замонавии истеҳсоли Федератсияи Россия ворид карда шуд