Хабарҳо
Вусъати бунёдкориҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият дар шаҳри Панҷакент - 12.12.2018 10:39
Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ба 50 донишҷӯ кӯмакҳои молиявӣ тақдим кард - 12.12.2018 10:37
Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» китоби «Мулистони Ҳикмат»-ро дастраси хонандагон намуд - 12.12.2018 10:35
Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемологиии шаҳри Хуҷанд соҳиби 4 таҷҳизоти муҳими озмоишӣ шуд - 12.12.2018 10:34
Мулоқоти масъулини Раёсати Хадамоти муҳоҷират бо сокинони шаҳри Гулистон - 12.12.2018 10:32
Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ нашрияи нави худро аз чоп баровард - 11.12.2018 12:16
М и т и н г ё эҳсони Гобсек - 2 - 11.12.2018 12:07
Мастчоҳ. Баррасии вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат - 11.12.2018 11:01
Пирӯзии Ҳанифа Валиева дар даври ниҳоии озмуни “Мураббияи сол” - 11.12.2018 10:47
Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018»насиби Муродҷон Ҳaйдаров гардид - 11.12.2018 10:42

Вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

19 июли соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни муқаддаси миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳиҳои вилоят баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – роҳбарони гурӯҳҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовинони Раиси вилоят, роҳбарони сохторҳои давлатӣ, муассисаву ташкилотҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва фаъолони вилоят ширкат варзиданд.

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид зимни суханронии хеш аз ҳадафу моҳияти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлили ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҷеъ ба корҳои созандагиву ободонии дар вилоят ба субут расида, фаъолияти пурсамари гуруҳҳои корӣ ва нақшаи чорабиниҳои минбаъда ҳарф зад.

Дар ҷаласа Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бобати омодагӣ ва ҷараёни корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба ин ҷашни бузурги давлатӣ дар қаламрави вилоят ҳисобот дода, аз ҷумла таъкид намуд, ки дар ин бобат қарори дахлдори Раиси вилоят ба тасвиб расида, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят таҳти шиори «1300 – рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои шоиста роҳандозӣ мегарданд. Ҳамзамон, нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ бахшида ба истиқболи ин ҷашни бузург таҳия гардида, тибқи он бунёду азнавсозии беш аз 3 ҳазор иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ дар назар дошта шудааст. Дар ин раванд бинои 46 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, азнавсозӣ карда мешаванд.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ нақшаҳои корӣ тасдиқ гардида, аллакай ду моҳ аст, ки корҳо оғоз шуда, дар ҳамоҳангӣ бо ашхоси масъули ҷумҳуриявию вилоятӣ баробари корҳои созандагиву ободонӣ чорабиниҳои мухталиф, ки ҳадафашон тарғибу ташвиқи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва худшиносии аҳли ҷомеа  мебошад, баргузор шуда истодаанд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат аз ҷараёни корҳои омодагӣ ба ҷашни бузург дар вилоят изҳори қаноатмандӣ намуда, дастур дод, ки корбарӣ дар ин самт пурзӯр карда шуда, нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ такмил дода шавад ва дар заминаи тадбирҳои андешида шуда, маҳфилу озмунҳои гуногун, аз қабили “Маҳаллаи беҳтарин”, “Ҷамоати беҳтарин” ва “Шаҳр (ноҳия) – и беҳтарин” гузаронида шавад.

Дар ҷаласа аъзоёни гуруҳи корӣ бобати беҳтар ба роҳ мондани корҳои ободониву созандагӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андеша ва пешниҳоди худро иброз доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ