Хабарҳо
Боздиди Раиси вилоят аз Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ - 19.10.2018 13:40
«Рушди соҳибкорӣ дар замони муосир: муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли он» - конференсияи ҷумҳуриявӣ дар ДДҲБСТ - 19.10.2018 12:44
Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ /АКСҲО/ - 19.10.2018 13:01
Деваштич: Диёр обод, зиндагӣ хуррам.... - 19.10.2018 09:40
214 нафар хонандагони мактабҳои вилояти Суғд дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд - 19.10.2018 09:38
Нақшаи даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 104 фоиз таъмин гардид - 19.10.2018 09:37
Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилояти Суғд дар нуҳ моҳ 12 млрд. 766,2 млн. сомониро ташкил кард - 19.10.2018 09:35
Таджикистан за межгосударственные отношения и против поддержки терроризма - 18.10.2018 15:34
Дар Панҷакент таҳти унвони “Рушди минтақаҳо ва таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон” конфронс доир хоҳад шуд - 18.10.2018 13:27
Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир мешавад - 18.10.2018 09:54

Оғози мумфаршкунии роҳҳо дар шаҳри Бӯстон

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Видео :Оғози мумфаршкунии роҳҳо дар шаҳри Бӯстон Нимаи дуюми рӯзи 18 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид зимни боздид аз шаҳри Бӯстон ба корҳои мумфаршкунии кӯчаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино оғоз бахшиданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 3 километр роҳҳои шаҳри Бӯстон мумфарш карда мешавад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми суҳбат бо истиқоматкунандагони кӯчаи мазкур зикр намуд, тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру навсозии роҳҳои маҳаллӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин раванд дар аксари шаҳру ноҳияҳо таъмиру навсозии роҳҳо оғоз гардида, ободу сарсабз намудани кӯчаву хиёбонҳо идома дорад.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид бо ёдоварӣ аз бунбасти комуникатсионӣ бароварда шудани кишвар таъкид дошт, ки сокинон низ бояд барои ободии маҳалли хеш кӯшиш намоянд.

Сипас, нақшаи мумфаршкунии роҳҳои ҳудуди шаҳри Бӯстон муаррифӣ карда шуд. Масъулин ҳамзамон нақшаи кулли боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айниро, ки бо маблағгузории мақомоти иҷроиия ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон навсозӣ мегардад, муаррифӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Оғози мумфаршкунии роҳҳо дар шаҳри Бӯстон