Хабарҳо
Вусъати бунёдкориҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият дар шаҳри Панҷакент - 12.12.2018 10:39
Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ба 50 донишҷӯ кӯмакҳои молиявӣ тақдим кард - 12.12.2018 10:37
Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» китоби «Мулистони Ҳикмат»-ро дастраси хонандагон намуд - 12.12.2018 10:35
Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемологиии шаҳри Хуҷанд соҳиби 4 таҷҳизоти муҳими озмоишӣ шуд - 12.12.2018 10:34
Мулоқоти масъулини Раёсати Хадамоти муҳоҷират бо сокинони шаҳри Гулистон - 12.12.2018 10:32
Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ нашрияи нави худро аз чоп баровард - 11.12.2018 12:16
М и т и н г ё эҳсони Гобсек - 2 - 11.12.2018 12:07
Мастчоҳ. Баррасии вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат - 11.12.2018 11:01
Пирӯзии Ҳанифа Валиева дар даври ниҳоии озмуни “Мураббияи сол” - 11.12.2018 10:47
Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018»насиби Муродҷон Ҳaйдаров гардид - 11.12.2018 10:42

Шиносоӣ бо рафти сохтмони Таваллудхонаи марказии ноҳияи Деваштич

( 0 Овоз )

Таваллудхонаи марказии ноҳияи Деваштич, ки сохтмонаш нотамом боқӣ монда буд, бо 100 кат ва тамоми шароити зарурӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

Баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ таҳти таваҷҷӯҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дошта, дар ин замина дар тамоми қаламрави кишвар биноҳои замонавии тиббӣ бунёд ва бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда истодааст. Аз ҷумла, дар асоси ҳидоятҳои неки Сарвари давлат ва бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохтмони таваллудхонаи марказии ноҳия ба роҳ монда шуда, дар он беҳтарин шароит фароҳам оварда мешавад.

Бинои мазкур аз 84 ҳуҷра иборат буда, барои 100 кати беморӣ пешбиниӣ шудааст. Ҳамчунин тамоми утоқҳои он бо навтарин дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.

Раиси вилоят ҳангоми ошноӣ бо раванди корҳо ба сохтмончиён дастур дод, ки ба сифати корҳо аҳмияти аввалиндараҷа дода, тамоми биноро ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст намоянд ва барои аёдаткунандагон айвонҳои пазироӣ сохта шавад. Ҳамзамон Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия ҷиҳати бунёди таваллудхонаҳо дар деҳаҳои дурдаст, аз ҷумла деҳаи Росровут дастур дода, таъкид дошт, ки лоиҳаи бинои онро пешниҳод намоянд.

Дар идомаи сафар Раҷаббой Аҳмадзода бо лоиҳаи сохтмони хатти оби Даҳкатсой - Даҳанасой шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки мувофиқи лоиҳа ба масофаи умумии 12 км бо қубурҳои қутрашон 1000 миллиметрӣ хатти об кашида шуда, ҳолати  обёрии зиёда аз 3 ҳазор гектар замин беҳтар карда мешавад.

Раиси вилоят таъкид дошт, ки татбиқи ин лоиҳа боиси афзун гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақа мегардад ва дар ояндаи наздик бо ҷалби сармояҳои мустақим лоиҳаи мазкур ба пуррагӣ мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

Зимни мулоқот бо кормандони соҳаи тиб Раиси вилоят кулли ҳозиринро ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасони тиббӣ ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти анҷоми корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми қаламрави вилоят, хоса ноҳияи Деваштич корҳои ободонӣ вусъати тоза пайдо намуда, силсилаи иншооти гуногун бунёд мешавад. Ҳамчунин дар асоси муроҷиати шаҳрвандон сохтмони муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ ва кашидани хатти обу барқ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар деҳаи Шоҳони Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳия бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба дарозии 3 км хатти оби нӯшокӣ кашида мешавад. Инчунин дар ноҳия сохтмони литсейи касбӣ-техникӣ барои 640 нафар ба нақша гирифта шудааст. Ҳамаи ин ободкориҳо сокинони ноҳияро водор месозад, ки дар корҳои ободониву созандагӣ фаъолнокӣ нишон диҳанд.

Рӯзҳои наздик дар маркази ноҳия сохтмони бинои Маркази адлия низ оғоз мешавад. Дар бинои мазкур барои кормандони се сохтор - иҷрочиёни суд, САҲШ ва нотариалии давлатӣ шароити мусоиди кору хизматрасонӣ фароҳам оварда мешавад. Мувофиқи лоиҳа бино аз се ошёна иборат буда, то соли 2019 ба истифода дода шавад.

Зимни боздид аз маҳалли сохтмони бинои мазкур Раиси вилоят ҷиҳати ба зуди оғоз намудани корҳои сохтмонӣ ва ба ободонӣ фаро гирифтани муҳити атроф дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоӣ бо рафти сохтмони Таваллудхонаи марказии ноҳияи Деваштич