Хабарҳо
Вусъати бунёдкориҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият дар шаҳри Панҷакент - 12.12.2018 10:39
Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ба 50 донишҷӯ кӯмакҳои молиявӣ тақдим кард - 12.12.2018 10:37
Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» китоби «Мулистони Ҳикмат»-ро дастраси хонандагон намуд - 12.12.2018 10:35
Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемологиии шаҳри Хуҷанд соҳиби 4 таҷҳизоти муҳими озмоишӣ шуд - 12.12.2018 10:34
Мулоқоти масъулини Раёсати Хадамоти муҳоҷират бо сокинони шаҳри Гулистон - 12.12.2018 10:32
Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ нашрияи нави худро аз чоп баровард - 11.12.2018 12:16
М и т и н г ё эҳсони Гобсек - 2 - 11.12.2018 12:07
Мастчоҳ. Баррасии вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат - 11.12.2018 11:01
Пирӯзии Ҳанифа Валиева дар даври ниҳоии озмуни “Мураббияи сол” - 11.12.2018 10:47
Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018»насиби Муродҷон Ҳaйдаров гардид - 11.12.2018 10:42

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони боғчаи бачагона ва маркази саломатӣ дар ноҳияи Деваштич

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Яхтан бо рафти сохтмони боғчаи бачагона шинос гардид.

Иншооти мазкур дорои утоқҳои корӣ, ошхона толори барҳаво барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун, пешайвон, майдони бозии кӯдакон буда, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд гардида истодааст. Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ ба сохтмончиён ҷиҳати анҷоми босифати корҳо, истифодаи масолеҳи хушсифати ватанӣ  супоришҳои мушаххас дода, инчунин дастур дод, ки дар ҳавлии он ҳавзи шиноварӣ барои кӯдакон бунёд карда шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми мулоқот бо сокинони деҳа иброз дошт, ки  бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба хотири дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд бунёду баистифодадиҳии беш аз 1400 иншооти гуногун, аз қабили корхонаҳои истеҳсолӣ, мактабу кӯдакистон, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн, ҳаммом, таъмиру таҷдиди роҳҳо, кашидани хатти обу барқ ва ғайра ба нақша гирифта шудааст. Дар ин раванд дар ноҳияи Деваштич низ як қатор иншооти иҷтимоӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешавад.

Дар Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳия зиёда аз 14 ҳазор нафар умр ба сар мебаранд ва дар бархе аз деҳаҳои ҷамоат нарасидани оби нӯшокӣ ва полезӣ ба назар мерасад. Бо мақсади бартараф намудани ин камбудӣ кофтани панҷ чоҳи амудӣ дар ин минтақа ба нақша гирифта шуда, аллакай соли ҷорӣ ду адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Имрӯзҳо бошад корҳо дар ин самт аллакай оғоз гардида, мутахассисон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки мувофиқи нақша кофтани чоҳҳои амудиро бо сомон расонанд.

Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилоят дар ҳамин ҷамоат бо рафти корҳои сохтмонии маркази саломатӣ шинос гардид. Фармоишгари иншооти мазкур Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчии он ҶДММ “Аъзам-Ю” мебошад. Бинои маркази саломатӣ аз як ошёна иборат буда, дорои 10 утоқи корӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мазкур дастрасии зиёда аз 3 ҳазор нафар сокинонро ба хизматрасонии тиббӣ боз ҳам беҳтар месозад.

Раиси вилоят дар аснои боздид қайд намуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳсозии хизматрасонии тиббӣ дар минтақаҳои дурдаст бунёди марказҳои саломатӣ ба роҳ монда шуда, дар ин замина ташкили утоқҳои алоҳида барои гузаронидани хатна ва таваллудхона ба манфиати кор хоҳад буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони боғчаи бачагона ва маркази саломатӣ дар ноҳияи Деваштич