Хабарҳо
26 сентябр иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад - 19.09.2018 09:48
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55

Иштироки Раиси вилоят дар маҷлиси фаъолони ноҳияи Спитамен

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

10 июл дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маҷлиси фаъолони ноҳия баргузор шуд.

Дар маҷлиси фаъолон муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарияти ноҳия ва фаъолон ширкат варзиданд.

Раиси вилоят фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитаменро давоми нимсолаи аввали соли равон мавриди таҳлил қарор дода, ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Қайд карда шуд, ки бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд “1300 рӯзи меҳнати зарбдор” эълон гардида, корҳои ободониву бунёдкорӣ дар тамоми минтақаҳои вилоят вусъати тоза пайдо намудааст. Аз ин лиҳоз роҳбарият ва масъулини ноҳияи Спитаменро низ зарур аст, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ва ҷалби сармояҳои дохиливу берунӣ ба сохтмону бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ, мактабу кӯдакистон, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, маркази савдо ва хизматрасонӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн, ҳаммом, таъмиру таҷдиди роҳҳо, кашидани хатти обу барқ ва ғайра дар маҳалҳо таваҷҷӯҳи хоса равона намоянд.

Дар идома роҳбари вилоят қайд намуд, ки бояд масъулин ҷиҳати иҷрои нақшаи андозҳо ва татбиқи босамари дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораандешӣ намоянд.

Раиси вилоят аз фаъолияти кунунии коргоҳҳои истеҳсолӣ ва аз кор мондани чанде аз корхонаҳои саноатӣ изҳори нигаронӣ намуда, таъкид дошт, ки бояд рушди соҳаи саноат дар ноҳия то 150 дарсад таъмин карда шавад. Ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда бошад роҳбарияти вилоятро нигарон кардааст, зеро нишондиҳандаи мазкур байни аҳолӣ 73,4 дарсад ва дар умум 88 дарсадро ташкил медиҳад, ки яке аз нишондиҳандаи пасттарин дар вилоят ба ҳисоб меравад.

Масъулини соҳаи кишоварзии ноҳияро зарур аст, ки барои ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои аз кишт берунмонда, ки 105 гектарро ташкил медиҳад, тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Кормандону масъулини соҳаҳои маорифу тандурустӣ бошад бояд ба таъмиру тармими бинои муассисаҳо, сохтмони мактабу синфхонаҳои иловагӣ ва бунгоҳу марказҳои саломатӣ  таваҷӯҳи бештар равона созанд. Дар ин раванд дастур дода шуд, ки то оғози соли нави хониш таъмири муассисаҳои таълимӣ ба пуррагӣ ба итмом расонида шуда, омодагии саривақтии онҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 дар сатҳи баланд анҷом дода шавад.

Ҳамзамон бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар тамоми деҳаҳои дурдаст ба бунёди бунгоҳу марказҳои саломатӣ бо фарогирии утоқи алоҳида барои хатна ва таваллудхона бояд масъулин чораандешӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Иштироки Раиси вилоят дар маҷлиси фаъолони ноҳияи Спитамен