Хабарҳо
«Голубая жемчужина» Таджикистана напоит всех соседей - 17.07.2018 21:44
Хуҷанд. Содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар афзоиш ёфт - 17.07.2018 16:09
Ашт. Ба маблағи 493 ҳазор доллари ИМА меваи тар содирот карда шуд - 17.07.2018 09:27
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Гулистон ба 1,8 миллиард сомонӣ баробар шуд - 17.07.2018 09:15
Хуҷанд. 13 меҳмонхона, 60 ёдгории таърихӣ ва боғҳои фароғатӣ дар хизмати сайёҳон қарор доранд - 17.07.2018 08:22
Гулистон. Ҳаҷми маблағи воридшуда аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 13 миллиону 378,6 ҳазор сомониро ташкил дод - 17.07.2018 07:52
Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Бӯстон - 16.07.2018 13:57
Суғд. Ба маблағи 281,4 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 16.07.2018 10:27
Сайди моҳӣ дар нимсолаи аввали соли равон 41 тоннаро ташкил кард - 16.07.2018 10:24
Суғд: Ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд - 16.07.2018 10:22

Раҷаббой Аҳмадзода номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

22 июни соли 2018 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум доир гардид.

Дар иҷлосия муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони вилоят, соҳибкорон ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, дар он 7 масъала мавриди баррасии вакилони халқ қарор гирифт.

Аз рӯи масъалаи якум вакилони халқи вилоят ваколати вакилии вакилони навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷумро аз ҳавзаҳои интихоботии «Пахтакор», №50 Ашӯрзода Раҷаб Рӯзӣ, «Куруш», №56 Шарифзода Фирдавс ва «Хистеварз», №63 Очилов Дадо Икромовичро тасдиқ намуданд.

Дар иҷлосия муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ роҷеъ ба вазифаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар партави Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 «Дар бораи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуд. Мавсуф зикр дошт, ки сокинони мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, ҳамчунин барои бо дастовардҳои шоистаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва вусъати омодагиҳо ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош меварзанд.

- Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми мо неъмати бебаҳои таърихӣ маҳсуб ёфта, дар амалӣ гардидани орзуву омоли мардум нақши муҳим дорад. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 «Дар бораи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар ин замина ба тасвиб расидани Амри Раиси вилояти Суғд моро вазифадор месозад, ки дар амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат боз ҳам аҳлона кору фаъолият намуда,тамоми донишу малака ва имкониятҳоро сафарбар намоем, то солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди умумихалқӣ табдил ёфта, дар ин ҷода корҳои бузурги созандагию бунёдкорӣ ба анҷом расонида шаванд, - зикр намуд Назира Ғаффорӣ.

Доир ба ин масъала вакилон Расулзода Дилшод – аз ҳавзаи интихоботии «Навобод», №12, Муҳаммадзода Маъруф – аз ҳавзаи интихоботии «Бофанда», №2, Ҳакимова Карима – аз ҳавзаи интихоботии «Ворух», №11 ба сухан баромада, бобати вусъати корҳои созандагӣ ва ободонӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар партави Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фикру андешаҳои судманд иброз доштанд.

Дар иҷлосия вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Навгилем», № 13 Эрматов Абдуманнон оид ба иҷрои ваколати вакилиаш ҳисобот дод.

Ҳамзамон, дар иҷлосия масъалаҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети вилоятӣ, оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, як қатор қарорҳои Раиси вилояти Суғд тасдиқ гаштанд.

Дар иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум ҳамзамон, масъалаи пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд, № 2 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Роҷеъ ба ин масъала вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят Зариф Назирӣ аз ҳавзаи интихоботии «Ғозиён», № 3 ва Муаззамхон Ансорӣ аз ҳавзаи интихоботии «Вору», №28 ба сухан баромада таклиф намуданд, ки ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд, № 2 номзадии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пешниҳод гардад. Ин пешниҳод аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Овоздиҳӣ пӯшида ва шаффоф доир гардида, вакилон номзадии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд, № 2 пешбарӣ намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода барои ин боварӣ ба вакилон изҳори сипос намуда, изҳор дошт, ки бо саъю талоши комил, бо садоқатмандиву фидокорӣ бобати амалӣ шудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят хидмат хоҳад намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд







Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раҷаббой Аҳмадзода номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид