Хабарҳо
26 сентябр иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад - 19.09.2018 09:48
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55

Дар Хуҷанд мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ оғоз ёфт

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 12
  • Минбаъда

Видео :Дар Хуҷанд мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ оғоз ёфт 21 июн дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии 20 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ оғоз ёфт.

Дар маросими ифтитоҳии чорабинии варзишӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки мусобиқаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ нахусттин бор дар кишвари мо доир гардида, ба таҳкими солимии ҷомеа, рушди ин навъи варзиш ва ба дўстиву рафоқати байни кишварҳо мусоидат менамояд.

-Имрўзҳо бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ ба рушди соҳаи варзиш эътибори махсус зоҳир мегардад. Алҳол дар вилоят теъдоди зиёди иншооти варзишӣ ва майдончаҳои хурду бузург фаъолият доранд, ки варзишгарону ҷавонон ва кўдакону наврасон аз он истифода менамоянд, - иброз намуд Раиси вилоят.

Абдуллозода Муҳаммадшо, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки ин намуди мусобиқа ба бозиҳои олимпӣ шомил буда, баргузор гардидани он дар кишвари мо воқеаи фараҳбахш маҳсуб меёбад.

Ҷоиз ба қайд аст, ки дар ин мусобиқа беш аз 80 нафар варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ўзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Туркманистон ва Беларус ширкат варзида, байни ҳам аз рўи намудҳои гуногуни шиноварӣ рақобат менамоянд.

Ориф Ҷўраев, сардори департаменти техникии Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сўҳбат иброз дошт, ки барои шаффоф гузаронидани ин мусобиқа аз 7 кишвар доварони сатҳи байналмилалӣ даъват гардидаанд.

Мусобиқаи мазкур то 23 июни соли равон дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад ва ғолибон бо ҷоизаҳо қадрдонӣ хоҳанд гашт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд














Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Дар Хуҷанд мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ оғоз ёфт