Хабарҳо
Конфронси байналмилалӣ дар Истанбул: «Хатари ташкилоти террористии ҳизби наҳзат аз «ДОИШ» ва «Ал-қойида» кам нест» - 19.10.2018 21:30
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.10.2018 15:28
Боздиди Раиси вилоят аз Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ - 19.10.2018 13:40
«Рушди соҳибкорӣ дар замони муосир: муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли он» - конференсияи ҷумҳуриявӣ дар ДДҲБСТ - 19.10.2018 12:44
Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ /АКСҲО/ - 19.10.2018 13:01
Деваштич: Диёр обод, зиндагӣ хуррам.... - 19.10.2018 09:40
214 нафар хонандагони мактабҳои вилояти Суғд дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд - 19.10.2018 09:38
Нақшаи даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 104 фоиз таъмин гардид - 19.10.2018 09:37
Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилояти Суғд дар нуҳ моҳ 12 млрд. 766,2 млн. сомониро ташкил кард - 19.10.2018 09:35
Таджикистан за межгосударственные отношения и против поддержки терроризма - 18.10.2018 15:34

Ашт. Ба бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 санги асос гузошта шуд

( 0 Овоз )

Видео :Ашт. Ба бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 санги асос гузошта шуд 8 июни соли равон дар Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 санги асос гузошта шуд.

Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65, ки бо назардошти афзоиши шумораи хонандагон ва дар ваъияти ногувор қарор доштани бинои кунунӣ бунёд мешавад, тибқи лоиҳа аз 3 ошёна иборат аст. Бино дорои синфхонаҳои таълимӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, гармхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, барои 720 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Фармоишгари иншооти сохташаванда Идораи сохтмони асосии вилоят буда, лоиҳакаш ҶДММ “Суғдшаҳрофар” ва пудратчӣ ҶДММ “Парвина”мебошад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар маҳалли сохтмони бинои таълимӣ бо сокинони ноҳия суҳбат намуда, таъкид кард, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар се соли оянда ҳолати муаасисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо беҳтар гардида, ба ҷойи биноҳои таълимие, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, биноҳои наву замонавӣ бунёд мегардад. Амалисозии иқдоми мазкур бешак ба рушди бештари соҳаи маориф мусоидат хоҳад кард. Дар навбати худ хонандагони мактабҳоро зарур аст, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, оянда барои рушди мамлакат саҳмгузорӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ашт. Ба бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 санги асос гузошта шуд