Хабарҳо
Дар Гулистон вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд - 19.10.2021 16:06
СУҒД: Дар Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд - 19.10.2021 15:35
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони вилоятҳои Липетск ва Воронежи Федератсияи Россия - 18.10.2021 19:49
Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд - 18.10.2021 13:47
Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд - 17.10.2021 11:45
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21

Гулистон. Ба мутахассисони ҷавон замини наздиҳавлигӣ тақсим шуд

( 0 Овоз )

Видео :Гулистон. Ба мутахассисони ҷавон замини наздиҳавлигӣ тақсим шуд Дар доираи “1300 рўзи меҳнати зарбдор“ дар шаҳри Гулистон корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намудааст.

Дар ин замина рӯзи 24 май бо ширкати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода корҳои мумфаршкунии кўчаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ ва Суғдиёни шаҳри Гулистон оғоз гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, дарозии роҳҳои мумфаршшаванда 4 километрро дар бар мегирад ва барои анҷоми корҳо аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маблағҳои зарурӣ ҷудо шудааст. Дар баробари мумфаршкунӣ инчунин чароғонкунии замонавии кўчаҳо, насби аломатҳо ва азнавсозии ҷўйборҳои ду канори роҳҳо низ ба анҷом расонида хоҳад шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарият ва масъулини соҳоти мухталиф  баҳри вусъати корҳои созандагӣ дастуру супоришҳо дода, таъкид дошт, ки ба истиқболи ҷашнҳои бошукўҳи кишвар корҳои ободонӣ бо азми дучанд ва сифати баланд ба анҷом расонида шавад.

Сокинони шаҳр аз амалишавии чунин иқдом изҳори хушнудӣ намуда, иброз доштанд, ки баҳри рушди соҳаҳои мухалифи шаҳр саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.

Ҳамзамон, худи ҳамин рўз бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба 10 оилаи ҷавон - хизматчиёни давлатӣ, мутахассисони сохторҳои қудратӣ ва маорифу тандурустии шаҳр аз мавзеъи Сарбанди шаҳри Гулистон замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода ҷавонони шаҳрро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, изҳор дошт, ки дар ин минтақаи шаҳр дар оянда низ барои 100 нафар мутахассисони ҷавон тақсимоти қитъаи замин ба нақша гирифта шуда, ҳамчунин сохтмони мактаб ва дигар иншооти иҷтимоӣ дар назар дошта шудааст.

Мутахассисони ҷавон миннатдории хешро бобати иқдом ва дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иброз дошта, таъкид карданд, ки минбаъд низ баҳри пешравиву ободонии кишвар содиқона хизмат менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




ШУМО ДАР: Навид Гулистон. Ба мутахассисони ҷавон замини наздиҳавлигӣ тақсим шуд