Хабарҳо
Машқҳои муштараки низомиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони "Бародарони шикастнопазир" /АКСҲО/ - 21.09.2018 17:12
«Национальный Альянс» так называемой Таджикской оппозиции создан для войны. так считает политолог, доктор философских наук Рустам Хайдаров - 21.09.2018 22:18
Машқҳои муштараки ҳарбии зиддитеррористӣ ҷамъбаст гардид - 21.09.2018 15:43
Вокуниш ба суханронии Нуриддин Ризоӣ дар нишасти САҲА - 21.09.2018 11:19
Занталоқи Кабирӣ ва паёмадҳои он ба мардуми Аврупо ва Осиё (Видео) - 21.09.2018 11:17
АСОСИ БАҚО ВА МОЯИ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ - 21.09.2018 10:06
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдусалом Азизов ба вилояти Суғд ташриф овард - 21.09.2018 09:10
85-умин мавсими ҳунарнамоии театр бо пешниҳоди намоишномаи «Исёни арӯсон» оғоз ёфт - 20.09.2018 15:35
Оғози бунёди нуҳ корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе - 20.09.2018 14:35
Дар Мастчоҳ даври ноҳиявии Фестивал - озмуни вилоятии “Атласу адраси Суғд - 2018” доир шуд - 20.09.2018 11:49

Оғози татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии низоми обёрӣ ва беҳтар намудани идоракунии об дар водии Зарафшон”

( 1 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

16 майи соли 2018 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва Бонки умумиҷаҳонӣ вобаста ба оғози татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии низоми обёрӣ ва беҳтар намудани идоракунии об дар водии Зарафшон” ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳамчунин муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Султон Раҳимзода, муовини роҳбари Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳасанзода, муовинони Раиси вилоят, роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Куҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Деваштич ва дигар масъулон иштирок доштанд.

Муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Султон Раҳимзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, доир ба амалишавии барномаҳои давлатӣ дар самти беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративӣ ва обёрии заминҳо маълумот дод.

Сипас, дар назди ҳозирин Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода суханронӣ намуда, таъкид сохт, ки бо дастгириву раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳои гуногуни вилоят таъмин гардида истодааст. Раҷаббой Аҳмадзода доир ба вазъи соҳаҳои кишоварзиву саноати вилоят маълумот дода, қайд кард, ки дар натиҷаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм 65 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонии хурди оилавӣ ва инфиродӣ таъсис дода шуда, азхудкунии заминҳои нав, бунёди шаҳракҳои нав ва маҳалҳои аҳолинишин, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ бомаром ба роҳ монда шудаанд. Соҳаи саноати вилоят низ сол ба сол рушд намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2017 ба 1 миллиард доллари ИМА баробар гардид.

Раиси вилоят дар идома миннатдории худро ба намояндагиҳои Иттиҳоди Аврупо ва Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон барои дастгирии ҳамаҷониба ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни вилоят иброз дошта, таъкид кард, ки саҳми шарикони рушди Тоҷикистон, аз ҷумла ин ду ниҳоди байналмилалӣ дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон басо назаррас мебошад. Татбиқи лоиҳаҳои «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд - Исфара» ба маблағи умумии 54 млн.доллари ИМА ва “Тиҷоратикунонии бахши хоҷагии қишлоқ” ба маблағи умумии 25.92 млн.доллари ИМА, ки бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ ҷараён доранд, гувоҳи ин гуфтаҳост.

Таъкид шуд, ки бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Бонки умумиҷаҳонӣ лоиҳаи “Барқарорсозии низоми обёрӣ ва беҳтар намудани идоракунии об дар водии Зарафшон”  ба маблағи беш аз 16 миллион доллари ИМА татбиқ мегардад, ки ҳадафи асосии он беҳтар сохтани инфрасохтор ва ҳолати обёрӣ дар водии Зарафшон ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи амалишавии лоиҳаи мазкур, ки аз моҳи майи соли равон то моҳи феврали соли 2020 идома меёбад, таҷдиду навсозии пойгоҳҳои обкашӣ, инфрасохтори обрасонӣ ва дастгирии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ба нақша гирифта шудааст ва бо анҷоми корҳо сатҳи обрасонӣ беҳтар гардида, заминҳои бекорхобида азхуд карда хоҳад шуд.

Дар ҷаласа инчунин муовини роҳбари Агентии бехдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳасанзода ва намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо доир ба дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақсаду ҳадафҳои  лоиҳаи “Барқарорсозии низоми обёрӣ ва беҳтар намудани идоракунии об дар водии Зарафшон” ибрози андеша намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Оғози татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии низоми обёрӣ ва беҳтар намудани идоракунии об дар водии Зарафшон”