Хабарҳо
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари гуруҳи ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ Кардула Расточи - 21.05.2018 11:20
Амалиёти “Кӯкнор-2018” дар ду марҳила гузаронида мешавад - 21.05.2018 10:17
Таъсиси Ситоди вилоятии “Тобистон - 2018” - 21.05.2018 10:16
Шӯрои илмӣ-машваратӣ оид ба дарёфти истеъдодҳо, навоварон ва ихтироъкорони ҷавон дар вилояти Суғд таъсис ёфт - 21.05.2018 10:15
1 июн дар қаламрави вилояти Суғд Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад - 21.05.2018 10:13
Пешвои миллат ба аҳли оила ва наздикону пайвандони Муъмин Қаноат изҳори тасаллият намуданд - 18.05.2018 20:58
Дар Дави миллӣ беш аз 96 ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногун иштирок намуданд - 20.05.2018 13:23
Дар ярмаркаи вилоятии ҷойҳои холии корӣ 1500 ҷойҳои корӣ пешниҳоди сокинон шуд - 19.05.2018 13:01
Баргузории марафони велосипедронӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят - 19.05.2018 12:41
Боздиди кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз вилояти Суғд - 18.05.2018 14:22

Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ҶДММ “Хуаксин-Ғаюр-Суғдсемент” Лю Хун Чао

( 0 Овоз )

Видео :Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ҶДММ “Хуаксин-Ғаюр-Суғдсемент” Лю Хун Чао 16 майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари ҶДММ “Хуаксин-Ғаюр-Суғдсемент” Лю Хун Чаоро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, зиёд намудани ҷойҳои корӣ ва бештар намудани содироти семент ба хориҷи кишвар мубодилаи афкор намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷараёни мулоқот қайд намуд, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи саноат дар мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Суғд рушд намуда, дар ин замина ҷойҳои нави корӣ муҳайё ва номгӯи маҳсулоти содиротӣ бештар гардида истодааст.

Зикр гардид, ки корхонаи сементбарории “Хуаксин-Ғаюр-Суғдсемент” беш аз се сол инҷониб фаъолият дошта, дар рушди иқтисодиёти вилоят саҳми арзанда мегузорад. Раиси вилоят аз сол ба сол зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли семент дар корхонаи мазкур ва маоши коргарон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки ҷиҳати содироти бештари семент ба хориҷа аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд.

Роҳбари ҶДММ “Хуаксин-Ғаюр-Суғдсемент” Лю Хун Чао аз ҳусни таваҷҷуҳ ба корхонаи мазкур изҳори хушнудӣ намуда, иттилоъ дод, ки дар 4 моҳи соли равон ба маблағи наздик 96 миллион сомонӣ семент истеҳсол шудааст ва ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2017 наздик 45 миллион сомонӣ бештар мебошад. Агар корхона дар соли 2015 зиёда аз 429 ҳазор тонна семент истеҳсол намуда бошад, пас ин рақам дар соли 2017 ба 722 ҳазор тонна баробар гардид. Ҳаҷми маоши кормандон низ давра ба давра боло рафта, маоши миёнаи кормандон айни замон 2667 сомониро ташкил медиҳад.

Ҷонибҳо инчунин доир ба анҷоми амалҳои хайру савоб дар моҳи шарифи Рамазон, дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ва татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат гуфтушунид намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ҶДММ “Хуаксин-Ғаюр-Суғдсемент” Лю Хун Чао