Хабарҳо
Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Бӯстон - 16.07.2018 13:57
Суғд. Ба маблағи 281,4 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 16.07.2018 10:27
Сайди моҳӣ дар нимсолаи аввали соли равон 41 тоннаро ташкил кард - 16.07.2018 10:24
Суғд: Ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд - 16.07.2018 10:22
ТАРКИШ: амали террористие, ки баъди 22 сол ошкор шуд - 14.07.2018 22:47
ЁДКАРДИ ЮТАКА АКИНО. Ба қатли дипломати ҷопонӣ аз ҷониби террористони ҳизби наҳзати исломӣ 20 сол пур шуд - 14.07.2018 22:33
Дар ноҳияи Деваштич сохтмони бинои Нозироти андоз идома дорад - 13.07.2018 20:05
Шиносоӣ бо рафти сохтмони Таваллудхонаи марказии ноҳияи Деваштич - 13.07.2018 19:59
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони боғчаи бачагона ва маркази саломатӣ дар ноҳияи Деваштич - 13.07.2018 19:56
Роҳи марказии ноҳияи Деваштич ба масофаи беш аз 16 км ба таъмири куллӣ фаро гирифта мешавад - 13.07.2018 19:50

Таҷлили Рӯзи байналмилалии оила дар вилояти Суғд

( 0 Овоз )

15 майи соли 2018 бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар Чойхонаи миллии Қасри Арбоб бо ширкати оилаҳои намунавии шаҳру ноҳияҳои вилоят чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии зуд иштирокдорони чорабинӣ ва дар симои онҳо кулли сокинони вилоятро ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила табрик гуфта, ба онҳо сиҳатии комил, бахту иқболи нек, устуворию хушбатии оилавӣ ва саодати рӯзгорро таманно кард.

Раиси вилоят ҳамчунин иброз дошт, ки оила асоси ҷамъият ва ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро дар он беҳтарин арзишҳои инсонӣ ташаккул меёбанд.

-Бо назардошти рисолати бузурги оила масъалаи таҳкиму ҳифзи арзишҳои оиладорӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Шоистаи таъкид аст, ки дар ин самт пайваста аз ҷониби давлату Ҳукумат тадбирҳои оқилонаву ҳадафманд андешида мешаванд. Ба тасвиб расидан ва татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соли оила эълон намудани соли 2015», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Барномаи давлатӣ дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 аз ҷумлаи тадбирҳое маҳсуб меёбанд, ки барои таҳкиму пойдории оила ва арзишҳои оиладорӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ равона шудаанд, - зикр намуд Раиси вилоят.

Таъкид гардид, ки нақши оила ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанд басо муҳим мебошад. Тарбияи фарзанд дар ҳама давру замонҳо масъалаи муҳим ба ҳисоб мерафт ва ояндаи ҳар миллату давлат ба фарзандони он вобаста аст. Аз ин ҷост, ки бо ташаббуси Сарвари давлат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пешниҳод ва қабул гардида, таълиму тарбияи насли оянда аз вазифаҳои асоситарини аҳли ҷомеа, пеш аз ҳама падару модарон ва омӯзгорону калонсолон муайян гардиданд.

Раҷаббой Аҳмадзода бо ишора ба мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки рӯзи 12 майи соли ҷорӣ доир шуд, таъкид кард, ки ҳар як оилаи тоҷик бояд фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, омӯхтани илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ба камол расонад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар вилояти Суғд дар чор моҳи соли равон 7249 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, мутаасифона ҳолатҳои бекоркунии ақди никоҳ низ ба қайд гирифта шудааст. Раиси вилоят изҳор дошт, ки ҳар як аъзои ҷомеа, падару модарон, куҳансолон, шахсони рўзгордида вазифадоранд, ки ҷавононро дар роҳи дуруст тарбия ва ба зиндагии оилавӣ ҳаматарафа омода созанд.

Ҳамчунин, зарур аст, ки ба муҳити оила, муаммоҳои байни ҷавонон шахсони пуртаҷриба, раисони кумитаи маҳаллаҳо, хешу табор ва умуман ҷамъият бетараф набошанд. Зеро ин шахсон метавонанд, дар ҳалли муаммои оилавӣ, хусусан ба навхонадорон кӯмаки амалии худро расонанд ва минбаъд барои пойдор гардидани оилаҳои ҷавон сабабгор гарданд.

-Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад,- илова намуд Раиси вилоят.

Дар идомаи чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ ба 56 оилаи намунавии шаҳру ноҳияҳои вилоят туҳфаҳои молиявӣ тақдим гардид. Сипас, чанде аз иштирокдорони чорабинӣ дар бораи оилаву оиладорӣ ва асрори хушбахтии худ ибрози андеша намуданд.

Дар охир аз ҷониби санъаткорони вилоят барномаи фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Таҷлили Рӯзи байналмилалии оила дар вилояти Суғд