Хабарҳо
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2021 - 20.04.2021 18:12
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк - 20.04.2021 14:09
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 5 корхонаи нав бо 60 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз кард - 20.04.2021 14:06
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ - 20.04.2021 14:03
“САД РАНГИ ЧАКАН”. Дар шаҳри Хуҷанд таҳти ин унвон даври шаҳрии Фестивал озмуни мазкур баргузор гардид - 20.04.2021 13:59
Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони мактаби замонавии "Оксфорд" - 18.04.2021 15:15
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори "Панҷшанбе" - 18.04.2021 15:07
Хуҷанд: Нони бепул дар ярмарка ташкил карда шуд - 17.04.2021 14:34
Раиси вилоят ба аёдати Эргашой Умароваи 100 сола рафт - 16.04.2021 12:00
Шиносоии Раиси вилоят бо вазъи бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Спитамен - 16.04.2021 11:41

Истаравшан. Раиси вилоят ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмакпулиҳо тақдим кард

( 1 Овоз )

Видео :Истаравшан. Раиси вилоят ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмакпулиҳо тақдим кард Рӯзи шанбеи 5 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан се нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз корнамоиҳои бемисли онҳо ёдовар шуда, таъкид кард, ки дар он солҳои мудҳиш дар қатори мардумони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фарзандони Тоҷикистон низ ба ҳимояи ватани хеш бархоста, барои ҳифзи хоки ватан синаи худро сипар намудаанд. Қаҳрамониву диловарии фарзандони шуҷоъи ватан дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст ва давлату Ҳукумат азхудгузаштагиву ҷоннисориҳои зафармандонро қадр менамояд. Зикр гардид, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҶБВ таҳти таваҷҷӯҳу ғамхориҳои доимӣ қарор доранд. Раиси вилоят Акмалхон Қутбиддинов, Албена Сарапп ва Исмоил Юлдошевро аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, ба онҳо саломатии бардавом ва хушиҳои рӯзгорро таманно намуд. Дар вазъияти тантанавӣ ба ҳар кадоме аз шахсони зикршуда туҳфаҳои пулии Раиси вилоят дар ҳаҷми 1500 сомонӣ супорида шуд.

Хотирнишон бояд кард, ки имрӯзҳо дар шаҳри Истаравшан 10 нафар иштирокчиёни ҶБВ умр ба сар мебаранд. Қабл аз ин намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирокчиёни ҶБВ аз шаҳри Истаравшанро аёдат намуда, ба онҳо аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миқдори 4 ҳазор сомонӣ ва аз номи Раиси вилоят ба миқдори 1500 сомонӣ кӯмакпулиҳо тақдим намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Истаравшан. Раиси вилоят ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмакпулиҳо тақдим кард