Хабарҳо
Дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд - 16.11.2019 15:59
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ муайян гардиданд - 16.11.2019 15:55
Дар Қасри таърихии Арбоб бахшида Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд - 16.11.2019 13:46
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСП «Оби зулол» - 15.11.2019 15:39
Ифтитоҳи Маркази фароғатию тиҷоратии «Истаравшан-ситӣ» - 15.11.2019 15:38
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ як қатор чорабиниҳои илмиву адабӣ, оммавӣ ва варзишӣ гузаронида мешавад ​ - 15.11.2019 12:05

Машварати кории назди Раиси вилоят

( 1 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

30 апрели соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода машварати корӣ баргузор шуд.

Дар машварати корӣ муовини якуми Раиси вилоят, муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раисону шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ  ширкат варзиданд.

Дар оғози машварат Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 27 апрели соли 2018 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд, ба ҳозирин маълумот дод ва сипас масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои кишоварзиву саноат, маорифу тандурустӣ ва рафти иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода оид ба вазъи соҳаи кишоварзӣ гузориш дод. Гуфта шуд, ки кишоварзони вилоят  то ба санаи 30 апрел дар майдони 148,7 ҳазор гектар зироатҳои баҳорӣ кишт намуданд. Соли равон нақшаи кишти пахта 58 ҳазор гектар муқаррар гардида, то ба санаи зикршуда дар 55 ҳазор гектар пахта кишт шудааст ва танҳо ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нақшаи пешбинишударо ба андозаи 100 дарсад иҷро намудааст.

Муовини Раиси вилоят ҳамзамон доир ба рафти кишти картошка, сабзавот, тақсимоти тухмии кирмак ва исеҳсоли пилла, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, аз ҷумла малах, маълумот дод. Раиси вилоят бо таҳлили вазъи соҳаи кишоварзӣ аз масъулин тақозо намуд, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ фаъолтар бошанд ва нақшаҳои пешбинишударо саривақт иҷро намоянд. Масъулин муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати истифодаи тухмиҳои серҳосил, ҷамъоварии хӯроки чорво, таъминоти заминҳо бо оби полезӣ, барқарорсозии гармхонаву сардхонаҳо, рушди соҳаи моҳипарварӣ, таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, назорати истифодаи заминро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

Сипас, муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ оид ба вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ гузориш дод. Зикр гардид, ки дар соҳаи маориф афзалият асосан ба ҷараёни амалишавии барномаҳои давлатӣ, созмон додани кабинетҳои фанниву компютерӣ, муҷаҳҳазгардонии онҳо бо лавозимоти зарурӣ, бунёди муассисаҳои томактабиву мактабҳои хусусӣ, таъмири муассисаҳои таълимӣ, пурзӯр намудани пояи моддиву техникии мактабу кӯдакистонҳо равона  шуд. Дар гузориши муовини Раиси вилоят инчунин доир ба вазъи соҳаи тандурустӣ ва ҷараёни иҷрои барномаҳои давлативу соҳавӣ, фаъолияти муассисаҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ маълумот ироа гардид.

Дар поёни машарат Раиси вилоят доир ба масъалаҳои баррасишаванда изҳори андеша намуда, ҷиҳати таъмири китобхонаҳо ва мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, таъсиси дӯконҳои фурӯши китоб, пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат ба вилоят, иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ, таъмини нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрандон ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашнҳои дарпешистода вазифагузорӣ намуд.

Ба масъулин ҳамчунин дастур дода шуд, барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва дар сатҳи зарурӣ сипарӣ намудани тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Машварати кории назди Раиси вилоят