Хабарҳо
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов - 18.08.2018 17:05
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов - 18.08.2018 16:59
Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” ба Пешвои миллат - 18.08.2018 07:14
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» - 18.08.2018 07:13
Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроника «Артел»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 18.08.2018 07:08
Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Намоишгоҳи «Истеҳсоли Тоҷикистон» - 18.08.2018 07:04
Илова ба филми "БОЗГАШТ АЗ ҶАҲАННАМ" - 17.08.2018 17:33
Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 17.08.2018 12:49
Имсол аз вилояти Суғд беш аз 1600 нафар барои адои маносики Ҳаҷ рафтанд - 17.08.2018 11:44
Ба муносибати Иди Қурбон бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд - 17.08.2018 11:43

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Халил Иброҳим Акча

( 0 Овоз )

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи 23 — юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Дабири кулли ин Созмон Халил Иброҳим Акчаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Халил Иброҳим Акчаро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бинобар анҷоми давраи фаъолияташ ба ҳайси Дабири кулл, барои саҳми комгорона ва пурмаҳсулаш дар пешрафти кори Созмон, изҳори сипос намуданд.

Ҷонибҳо саҳми арзандаи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва кишварҳои аъзоро дар таъмиқ ва тавсеаи ҳамкорӣ дар арсаи рушди иқтисодӣ ва рифоҳи иҷтимоӣ дар минтақа баланд арзёбӣ карданд. Дар ин росто таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт ва комуникатсия аҳамияти махсус зоҳир менамояд.

Зимни мулоқот оид ба аҳамияти санади “Диди Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ — 2025” ва ҳадафу вазифаҳои асосии “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то давраи соли 2030”, ки соҳаҳои асосии ҳамкорӣ — тиҷорат, нақлиёт, энергетика, туризм, рушди иқтисодӣ ва маҳсулнокӣ, рифоҳи иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зистро дар бар гирифта, бо ҳам тавъам мебошанд, гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои баҳрабардорӣ аз захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ба хотири қонеъ намудани талаботи афзоишёбанда ба энергияи электрикӣ дар минтақа баррасӣ карда шуд. Истифодаи зарфиятҳои бузурги рушди туризм дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Тоҷикистон бар нафъи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ, равобит ва саъю талоши муштарак баҳри рушди тиҷорати минтақавӣ, истиқрори сулҳу субот ва амният дар кишвари ҳамсояи мо, ҷалби бештари Афғонистон ба лоиҳаҳои минтақавӣ ва фароҳам сохтани шароитҳои мусоиди рушди иқтисодиву иҷтимоии ин кишвар, зарур шумурда шуд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Халил Иброҳим Акча