Хабарҳо
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов - 18.08.2018 17:05
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов - 18.08.2018 16:59
Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” ба Пешвои миллат - 18.08.2018 07:14
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» - 18.08.2018 07:13
Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроника «Артел»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 18.08.2018 07:08
Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Намоишгоҳи «Истеҳсоли Тоҷикистон» - 18.08.2018 07:04
Илова ба филми "БОЗГАШТ АЗ ҶАҲАННАМ" - 17.08.2018 17:33
Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 17.08.2018 12:49
Имсол аз вилояти Суғд беш аз 1600 нафар барои адои маносики Ҳаҷ рафтанд - 17.08.2018 11:44
Ба муносибати Иди Қурбон бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд - 17.08.2018 11:43

Сафари кории Раиси вилоят ба шаҳри Истаравшан

( 1 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Видео :Сафари кории Раиси вилоят ба шаҳри Истаравшан Дар доираи “1300 рӯзи меҳнати зарбдор” ва ба истиқболи Иди Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Истаравшан корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад.

Охири ҳафтаи гузашта Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дод ва бо рафти корҳои бунёдкорӣ шинос гардид. Нахуст Раиси вилоят аз Қалъаи таърихии Муғ боздид намуд ва аз ҷараёни сусти корҳои сохтмонӣ изҳори нигаронӣ карда, ба роҳбарияти шаҳр дастур дод, ки бо ташкили ситоди махсус ҷараёни корҳоро зери назорат қарор диҳанд.

Ёдовар бояд шуд, ки Қалъаи таърихии Муғ дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба навсозӣ фаро гирифта шуда, дар ҳудуди он сохтмони амфитеатр низ идома дорад. Фармоишгари иншоот шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан буда, корҳои пудратӣ аз ҷониби якчанд ширкатҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида мешавад. Айни замон дар ин иншоот 160 нафар бинокорон ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидаанд.

Дар ҳамин мавзеъ Раҷаббой Аҳмадзода рафти сохтмони меҳмонхонаи наву замонавиеро, ки бо иқдоми соҳибкор Бурҳон Эргашев бунёд гардида истодааст, мавриди назар қарор дод. Тибқи лоиҳа меҳмонхона аз 5 ошёна иборат аст ва он бо истифода аз санъати меъмории милливу аврупоӣ сохта хоҳад шуд. Раиси вилоят ба ташаббуси соҳибкор баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки бунёди ин иншоот дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мувофиқи мақсад мебошад.

Соҳибкорони шаҳри Истаравшан бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави корӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебаранд. Аз ҷумла, аз ҷониби ҶДММ “Мабдаъи нур” дар муҳлатҳои наздиктарин ба сохтмони комплекси хизматрасонии замонавӣ, ки аз 16 ошёна иборат мебошад, санги асос гузошта мешавад. Тибқи иттилои масъулин комплекси мазкур дорои истгоҳи нақлиёт, меҳмонхона, мағозаҳои тиҷоратӣ,  дӯконҳо барои фурӯши маҳсулоти гуногун, толорҳои варзишӣ, қаҳвахона ва ғайраҳо хоҳад буд. Раиси вилоят пас аз шиносоӣ бо лоиҳаи комплекси сохташаванда ҷиҳати татбиқи он ба роҳбарияти шаҳр дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Истаравашан Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази шаҳр бо ҷараёни сохтмони маҷмааи Нишони давлатӣ шинос шуд. Маҷмааи Нишони давлатӣ бо ҷалби мутахассисон ва устоҳои чирадасти Истаравшан ба таври хоса бо омезиши нақшу нигори миллӣ бунёд карда хоҳад шуд. Интизор  меравад, ки дар оянда ин мавзеъ ба макони хуби истироҳату фароғати сокинон ва ҷойи баргузории чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ табдил ёбад. Зимни шиносоӣ ба масъулин дастур дода шуд, корҳои сохтмониро дар муҳлати пешбинишуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд.

Ҷараёни сохтмони бинои нави Муассисаи давлатии Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан низ мавриди таваҷҷуҳи Раиси вилоят қарор гирифт. Сохтмони ин иншоот соли 2011 оғоз ёфта, он барои 320 ҷои нишаст пешбинӣ шудааст. Фармоишгар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мувофиқи лоиҳа бунёди бинои асосии муассиса, ошхона, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, устохона ва хобгоҳ барои 150 нафар ба нақша гирифта шуда, то имрӯз бинои асосӣ қомат афрохтааст.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки масъулин бояд ҷиҳати идомаи корҳо тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Сафари кории Раиси вилоят ба шаҳри Истаравшан