Хабарҳо
Мотам дар хонаи ТТЭ ҲНИ ва «Паём.нет»-у «Ислоҳ.нет»-у «Ахбор.ком» дар арафаи ба истифода додани НБО-и Роғун - 14.11.2018 23:14
Паём ба ҲНИ, Кимиёи саодат, паём.нет, ахбор.ком ва амсолуҳум бинобар кушодашавии НБО «Роғун» - 14.11.2018 23:13
Миллати созанда тӯй дораду наҳзати сӯзанда мотам - 14.11.2018 23:02
Праздник в Таджикистане для «Паем.нет», «Ислох.нет», «Ахбор.ком», Кабири, Юнусу слепому и КСИР это несчастье. - 14.11.2018 21:22
Объявление: Траур в Партии исламского возрождения - 14.11.2018 21:14
НБО-и "Роғун" натиҷаи ҷонфидоиҳои фарзанди фарзонаи миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон аст - 14.11.2018 18:32
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - фидоии беназири миллат - 14.11.2018 18:22
РИШЕНАК РАҚҚОСАЙ дар Австрия барои НБО «Роғун» - 14.11.2018 17:23
Рақси резабофӣ бахшида ба Роғун (Пешниҳоди шохаи Истаравшанӣ барои ҷашни НБО «Роғун») - 14.11.2018 17:23
НБО РОЃУН - ФОЉЕА БАРОИ «AKHBOR.COM» - 14.11.2018 17:23

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 5 сафири нав эътимоднома қабул намуданд

( 0 Овоз )

13 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 сафири навтаъйиншудаи кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул намуданд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҳасан Дилсуз оглу Маммедзаде, Ҷумҳурии Ӯзбекистон Эргаш Шоисматов, Ҷумҳурии Арабии Миср Иҳаб Аҳмад Талат Наср, Ҷумҳурии Словакия Ян Бори ва Ҷумҳурии Куба Эмилио Певида Пупо эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъйин гардиданашон ба ҳайси роҳбарони сафоратҳои давлатҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки сафирон бо фаъолияти пурсамари дипломатиашон ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои худ мусоидати ҷиддӣ хоҳанд кард.

Таъкид гардид, ки робитаҳои дӯстиву ҳамкории кишварҳои мо барои рушду таҳкими минбаъда майдони фарох доранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, минтақаи Осиёи Марказӣ, ҷаҳони араб, давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои воқеъ дар Амрико андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулода ва мухтори навтаъйиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки давлатҳо ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон равона месозанд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон баҳри ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба об ва муборизаи самарбахш алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир ёдовар шуданд.

Таъкид шуд, ки барои расидан ба натиҷаҳои мусбӣ дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ дар бисёри маврид аз амалҳои муштарак ва ҳамоҳангшудаи мо вобастагӣ дорад.

Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид карданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 5 сафири нав эътимоднома қабул намуданд