Хабарҳо
Муроҷиати иттиҳоди точикони Қазокистон ба кишварҳо ва сохторҳои Аврупо роҷеъ ба мусоҳибаи раиси ҳизби террористии наҳзати ислом - 25.06.2018 08:48
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Шаҳристон - 24.06.2018 13:00
Ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд - 24.06.2018 12:59
Ифтитоҳи бинои маъмурии Маркази адлия дар ноҳияи Шаҳристон - 24.06.2018 11:08
Ба истифода додани бинои интернати наздимактабӣ ба номи Додоҷон Бойматов дар ноҳияи Шаҳристон - 24.06.2018 10:52
Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва боғи интенсивии кооперативи тиҷоратии «Шаҳристон» - 24.06.2018 10:51
Ифтитоҳи бинои нави шуъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёи Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон - 24.06.2018 09:24
Оғози сохтмони корхонаи бузурги саноатӣ дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ - 24.06.2018 08:41
Разве клевета, что члены ПИВ стали шиитами? - 23.06.2018 16:04
Раҷаббой Аҳмадзода номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид - 22.06.2018 13:36

Оғози Анҷумани III минтақавии шартномабандӣ

( 1 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 20
  • Минбаъда

Видео :Оғози Анҷумани III минтақавии шартномабандӣ 13 апрели соли равон дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Анҷумани III минтақавии шартномабандӣ – 2018 ба кори худ шурўъ намуд, ки дар маросими ифтитоҳи он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Анҷуманро муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид. Раиси вилоят зимни суханронии хеш меҳмонони Анҷуманро ба вилояти Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, аз ҷумла, доир ба вазъи ҳаёти иқтисодӣ – иҷтимоии вилоят, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, робитаҳои судманди минтақавӣ ва имкониятҳои мавҷуда дар самти тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи вилоят ҳарф зад.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла, таъкид дошт, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои бузурги иқтисодӣ буда, дар саргаҳи Шоҳроҳи Абрешим қарор гирифтааст. Алҳол вилоят бо 18 минтақа, аз ҷумла марказҳои саноатии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкориҳои судманди иқтисодиро ба роҳ мондааст.

Соҳаҳои муҳими иқтисодиёт – саноату кишоварзӣ сол аз сол рушд меёбанд. Чунончӣ, нақшаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ давоми солҳои охир ба андозаи 120 – 130 фоиз таъмин гашта, ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти содиротӣ эътибори зарурӣ дода мешавад. Алҳол дар вилоят 405 гармхона фаъолият дошта, соли равон кишоварзони вилоят дар майдони беш аз 15 ҳазор гектар картошка кишт намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар Анҷумани III минтақавии шартномабандӣ беш аз 200 нафар намояндагони корхонаву ташкилотҳо, соҳибкорон, аз ҷумла ҳайати зиёди меҳмонон аз Федератсияи Россия, Ўзбекистон, Қирғизистон, намояндагони созмонҳои байналхалқии Барномаи рушди СММ ва Иттиҳоди Аврупо ширкат варзиданд.

Дар Анҷуман намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Михаил Кораблин, муовини Раиси вилояти Оренбург – Вазири кишоварзӣ, саноати коркард ва хўрокаи вилоят Михаил Маслов ва намояндагони сохторҳои тиҷоратӣ – соҳибкорӣ ба сухан баромада, аз нақш ва ҳадафи баргузории Анҷуман, пазироии хуб изҳори назар намуда, аз ҷумла зикр доштанд, ки Анҷумани сеюми минтақавии шартномабандӣ ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, содироти бештари маҳсулот, тавсеаи рушди ҳамгироӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамояд.

Дар рўзи нахусти кори Анҷуман имкониятҳои ҳамкорӣ байни истеҳсолкунандагон ва харидорони тармева ва хушкмева бо назардошти хусусияти сифати маҳсулот муҳокима гардида, соҳибкорони кишварҳои иштирокчии Анҷуман дар мулоқоти хоса гуфтушунид намуданд.

Меҳмонони Анҷуман худи ҳамин рўз аз Муассисаи давлатии «Қасри маданияти Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Маҷмааи таърихӣ – фарҳангии Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд боздид намуданд.

Хотирнишон бояд кард, ки Анҷумани III минтақавии шартномабандӣ – 2018 рӯзи 14 апрел низ идома меёбад ва аз натиҷаҳои кори он гузориш нашр хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд






















Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Оғози Анҷумани III минтақавии шартномабандӣ