Хабарҳо
«Хиёнат»: Фоҷиаи инсоният - 07.08.2020 19:06
Ташкилоти ғайритиҷоратии «Иттифоқи корхонаҳои саноати сабуки вилояти Суғд» таъсис ёфт - 07.08.2020 14:29
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ «Суғд-Текстайл» - 07.08.2020 14:23
Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба рӯзи касбии сохтмончиён - 07.08.2020 11:08
Мулоқоти сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят бо занони шаҳри Исфара - 07.08.2020 08:35
Рӯзи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд - 06.08.2020 12:47
Border Troops Reports About Border Incident - 06.08.2020 11:06
Изҳороти Маркази матбуоти Қушӯнҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон - 06.08.2020 09:47
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз боғу токзори хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон боздид ба амал оварданд - 06.08.2020 08:57
COVID-19. Масъалаи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи имрӯзаи Ситоди ҷумҳуриявӣ баррасӣ гардид - 06.08.2020 08:50

Боздиди Раиси вилоят аз агрохолдинги «Ганҷи Ҳилол»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов

( 0 Овоз )

2 апрели соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов сафари корӣ анҷом дод.

Зимни ин сафар Раиси вилоят нахуст ба агрохолдинги «Ганҷи Ҳилол»-и Ҷамоати деҳоти Деҳмой ташриф оварда, аз майдони кишти барвақтии зироатҳо боздид намуд. Агрохолдинги «Ганҷи Ҳилол» дорои 400 гектар замин буда, дар он картошка, помидор, бодиринг, сирпиёз, карам ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ парвариш меёбад. Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки 60 дарсади маҳсулоти истеҳсолшуда ба кишварҳои дуру наздик содирот ва 40 дарсади дигар ба бозорҳои мамлакат ба фурӯш бароварда мешавад.

Кормандони агрохолдинги «Ганҷи Ҳилол» дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода мебаранд ва дар заминҳои агрохолдинг ҳамасола то 4 ҳосил руёнида мешавад. Раиси вилоят бо деҳқонони минтақа ҳамсуҳбат гардида, рушди соҳаи кишоварзӣ ва ба даст овардани ҳосили фаровонро аз меҳнати пурмашаққати марди деҳқон вобаста донист. Таъкид гардид, ки имрӯз дар вилоят маданияти истифодаи замин боло рафтааст ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят деҳқонону кишоварзонро пайваста дастгирӣ хоҳад кард.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят бо фаъолияти фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ганҷи Ҳилол» аз наздик шинос шуд. Зимни муаррифии имкониятҳои корхона иттилоъ дода шуд, ки айни замон наздик 84 ҳазор сар паранда парвариш карда мешавад, ки аз ин шумор 44 ҳазору 392 сар мурғи тухмдеҳ мебошад. Дар фабрикаи мазкур танҳо дар моҳи март 595 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст ва мувофиқи нақша истеҳсоли тухм дар моҳи апрел то ба 1 миллион дона расонида мешавад.

Раиси вилоят аз пурра истифода нагардидани имкониятҳои корхона, таъмирталаб будани қисме аз коргоҳҳои мурғпарварӣ, ҳолати яхдон ва дигар иншооти ёрирасон изҳори нигаронӣ намуда, барои ислоҳи камбудиҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Боздиди Раиси вилоят аз агрохолдинги «Ганҷи Ҳилол»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов