Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.09.2018 15:56
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ - 19.09.2018 15:59
26 сентябр иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад - 19.09.2018 09:48
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03

Раҷаббой Аҳмадзода: Иқтидорҳои истеҳсолӣ бояд самаранок истифода шаванд

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 8
  • Минбаъда

Видео :Раҷаббой Аҳмадзода: Иқтидорҳои истеҳсолӣ бояд самаранок истифода шаванд Дар идомаи шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати сабук Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ “Ресандаи Тоҷикистон” боздид намуд.

Маврид ба зикр аст, ки самти асосии фаъолияти корхона ба истеҳсоли ришта нигаронида шуда, соли гузашта дар ҶДММ “Ресандаи Тоҷикистон” 2300 тонна пахта коркард шудааст. Ҳоло он ки иқтидори лоиҳавии корхона ба коркарди то 12 ҳазор тонна пахта баробар аст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки корхона дорои дастгоҳҳои муосир аст, вале бинобар набудани маблағи гардиш аксарияти ин таҷҳизот аз фаъолият боз мондааст, ки ин ҳолати нигаронкунанда мебошад. Роҳбарияти корхонаро зарур аст, ки дар ояндаи наздик ҷиҳати ҳалли ин муаммо ва ба кор андохтани иқтидори истеҳсолӣ чораандешӣ намояд.

Пас аз боздид Раиси вилоят ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки соли равон бояд коркарди пахта то ба 6 ҳазор тонна расонида шавад. Тавре таъкид гардид, имрӯзҳо дар самти дастрас намудани ашёи хом мушкилие вуҷуд надорад ва бозори маҳсулоти саноати сабук низ хело гарм мебошад. Барои ин танҳо бо ҷалби сармоя фаъолияти корхона ҷоннок карда шуда, ҳаҷми истеҳсол афзун гардонида шавад.

Яке аз корхонаҳои дигари соҳаи саноати сабуки шаҳри Хуҷанд ин ҶДММ “САТН” ба ҳисоб меравад, ки ба коркарди нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, шими мардонаву занона ва нимтана машғул аст. Корхонаи мазкур аз 5 сехи истеҳсолии ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, рангубор ва пардоздиҳӣ иборат буда, 544 нафар коргар дар онҳо фаъолият мебаранд. Давоми соли 2017 корхона ба мабалағи наздик 60 миллион сомонӣ маҳсулот омода намудааст. 95 дарсади маҳсулоти корхона содиротӣ буда, маҳсулот асосан ба Федератсияи Россия ва кишварҳои Аврупо содирот мешавад. Раиси вилоят ҳангоми боздид аз корхонаи мазкур ба роҳбарияти он дастур дод, ки соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсолро назар ба соли гузашта боз ҳам афзун намоянд. Барои иҷрои ин кор дарёфти бозорҳои нави фурӯш ба манфиати кор арзёбӣ гардид. Таъкид карда шуд, ки соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхона нисбати соли гузашта то 15-20 дарсад афзун карда хоҳад шуд.

Дар идомаи боздид Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳолати кунунии ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд”-ро мавриди назар қарор дод. Корхонаи мазкур дар заминаи корхонаи абрешими шаҳри Хуҷанд соли 2013 дубора эҳё гардида, коргоҳҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори риштаю матоъ ва дӯхти либосвориро ба ҳам муттаҳид месозад. Корхона асосан риштаи хом, рангкарда, матоъҳои омехта ва пахтагин, куртаву шим, либосҳои гуногун барои бачаҳо, калонсолон, занон ва либосҳои низомӣ истеҳсол менамояд. Имрӯзҳо корхона бо ширкатҳои туркӣ ва Белорус ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона ба коркарди 4000 тонна нахи пахта дар як сол баробар буда, соли гузашта танҳо 25 дарсади иқтидори истеҳсолӣ истифода гардидаасту халос. Аз ин лиҳоз, Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ роҳбарият ва муассиси корхонаро муваззаф сохт то дар соли ҷорӣ ҷиҳати дарёфти бозорҳои нав ва дубора фаъол гардонидани ҳамаи сехҳои корхона чораандешӣ намоянд. Гуфта шуд, ки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят омода аст дар ин росто корхонаро дастгирӣ намояд.

Ба андешаи коршиносони соҳа ва худи роҳбарияти корхонаҳои соҳаи саноати сабуки вилоят имрӯзҳо бозори маҳсулоти тайёри нассоҷӣ хело гарм буда, дар дохил ва хориҷи кишвар харидорони сершумор доранд. Аммо боздиди Раиси вилоят аз корхонаҳои саноатӣ собит сохт, ки иқтидори мавҷуда самаранок истифода намегардад. Дар ин раванд роҳбарияти корхонаи “Нассоҷи Хуҷанд”-ро зарур аст, ки ҷиҳати ҳалли ин муаммо ва дарёфти бозорҳои нав фаъолияти худро ҷоннок созад.

Раиси вилоят инчунин ба масъулини вилоятиву шаҳрӣ дастур дод, ки дар заминаи корхонаи мазкур бо ҷалби шарикони италиявӣ корхонаи  истеҳсоли либосҳои бачагонаро ба роҳ монанд.

Худи ҳамин рӯз Раиси вилоят дар маҷлисгоҳи корхонаи “Нассоҷи Хуҷанд” бо ҷалби масъулин ва мутахассисони соҳа машварати корӣ доир намуд. Дар рафти машварат Раҷаббой Аҳмадзода вазъи кунунии соҳаи саноати сабуки вилоятро таҳлил намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид гардид, ки соли гузашта дар вилояти Суғд 117 ҳазор тонна пахта истеҳсол шуда, аз он 39 ҳазор тонна нахи пахта ба даст омадааст. Аз ҳаҷми умумии пахтаи истеҳсолгашта танҳо 18 дарсадаш дар вилоят коркард шудааст, ки ин роҳбарияти вилоятро қонеъ карда наметавонад. Зеро вилояти Суғд дорои имкониятҳои фаровон буда, дар сурати ба пуррагӣ истифода бурдани иқтидорҳои мавҷуда метавон ҳаҷми истеҳсолро афзун ва шумораи зиёди шаҳрвандонро бо ҷойи корӣ таъмин намуд. Аз мавҷудияти мушкилоти зиёд дар фаъолияти корхонаи “Олимтекстайлз” ва корхонаи ҷорӯббароии “Наврӯз”-и ноҳияи Зафаробод изҳори нигаронӣ карда шуда, дастур дода шуд, ки фаъолияти ин корхонаҳо низ бояд ба таври зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раҷаббой Аҳмадзода: Иқтидорҳои истеҳсолӣ бояд самаранок истифода шаванд