Хабарҳо
Дар Хуҷанд байни дастаҳои шиноварии кишварҳои ИДМ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад - 18.06.2018 10:16
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд - 18.06.2018 09:39
Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад - 18.06.2018 09:37
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро ба муносибати Иди Рамазон табрик намуд - 15.06.2018 07:39
Мулоқоти Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Ашт - 14.06.2018 09:29
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд - 14.06.2018 09:26
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 14.06.2018 09:20
Корхонаву ширкатҳо мутахассисонро интихоб ва ба кор ҷалб намуданд - 13.06.2018 13:49

Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶДММ “Неку Хуҷанд” ва ҶММ “Ҷавонӣ”

( 1 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи саноат, аз ҷумла саноати сабук таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилоят тасмим гирифтааст бо истифода аз иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ба кор андохтани корхонаҳои нави саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд ва сатҳи некӯаҳволии мардумро беҳтар намояд.


Нимаи дуюми рӯзи 13 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати сабук аз як қатор корхонаҳои дар маркази вилоят қарордошта боздид намуд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти ҶДММ “Неку Хуҷанд” ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки корхонаи мазкур соли 2009 дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд таъсис ёфта, дар он асосан риштаи пахтагин истеҳсол мешавад. ҶДММ “Неку Хуҷанд” бо таҷҳизоти муосири истеҳсоли кишварҳои Олмону Италия муҷаҳҳаз буда, иқтидори лоиҳавиаш ба коркарди 2500 тонна пахта дар як сол баробар аст. Соли 2017 корхонаи мазкур 272,7 тонна пахта қабул намуда, 218 тоннаи онро коркард кардааст, ки ин назар ба иқтидори истеҳсолӣ хеле кам мебошад. Ҳангоми шиносоӣ Раиси вилоят аз роҳбарияти корхона ва масъулини соҳаи саноат сабабу омилҳои пурра истифода нашудани иқтидори истеҳсолиро пурсон шуда, таъкид намуд, ки бо дастгириву пуштибониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи саноати сабук як қатор имтиёзҳо татбиқ карда мешавад ва бинобар ин масъулинро зарур аст, ки ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидори истеҳсолӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Раиси вилоят зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба таври доимӣ омода аст корхонаҳои саноатиро дастгирӣ намояд. Бо назардошти иқтидори лоиҳавии корхона ба мутассадиён дастур дода шуд, ки соли равон ҷиҳати коркарди то 2000 тонна пахта чораҷӯӣ карда шавад. Зеро истифодаи пурра аз иқтидори истеҳсолӣ ҳам боиси зиёд шудани ҳаҷми истеҳсол мешавад ва ҳам то 300 нафар сокинон бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ “Неку Хуҷанд” айни замон бо ширкатҳои Ҷумҳурии Туркия ҳамкориро ба роҳ мондааст ва дар ояндаи наздик тамоми хатти истеҳсолӣ ба кор андохта мешавад.

Дар ҳамин минтақа Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаи муштараки Италияву Тоҷикистон ҶММ “Ҷавонӣ” аз наздик ошно гардид. “Ҷавонӣ” яке аз бузургтарин корхонаҳои соҳаи саноати сабуки вилоят ба ҳисоб рафта, дар он 760 нафар бо ҷойи кор таъминанд ва маоши миёнаи онҳо 2225 сомониро ташкил медиҳад. Корхонаи мазкур наздик 26 сол инҷониб фаъолият дошта, дар шаш сехи он коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монда шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона ба коркарди 4 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол баробар аст. Соли равон роҳбарияти ҶММ “Ҷавонӣ”  азм дорад 1250 тонна нахи пахтаро мавриди коркард қарор диҳад, ки ин нисбати соли гузашта 20 дарсад зиёд мебошад. Соли 2017 корхонаи мазкур ба мабалағи 90 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст ва 97 дарсади маҳсулоти тайёр содиротӣ буда, асосан ба хориҷи дур - кишварҳои Аврупо содирот мешавад. Раиси вилоят зимни суҳбат бо роҳбарияти корхона фаъолияти онро мусбӣ арзёбӣ кард. Таъкид карда шуд, ки дар оянда самти фаъолияти корхона боз ҳам фарох гардонида шуда, иқтидори истеҳсолӣ пурра мавриди истифода қарор гирад. Дар аснои суҳбат ҳамзамон таъкид гардид, ки кишту парвариш ва истеҳсоли пахта ва то ба коркарди ниҳоӣ расонидани он дар дохили кишвар яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд







Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶДММ “Неку Хуҷанд” ва ҶММ “Ҷавонӣ”