Хабарҳо
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - 21.05.2018 13:41
Боздиди Раиси вилоят аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ” - 21.05.2018 13:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари гуруҳи ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ Кардула Расточи - 21.05.2018 11:20
Амалиёти “Кӯкнор-2018” дар ду марҳила гузаронида мешавад - 21.05.2018 10:17
Таъсиси Ситоди вилоятии “Тобистон - 2018” - 21.05.2018 10:16

Миннатдории сокинони вилояти Суғд ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаноби Олӣ,

Мо, мардуми сарбаланду шукргузори вилояти Суғд бо камоли саодатмандиву шодӣ сиёсати хирадмандонаи Шуморо, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, ҷиҳати ба ҳам овардани халқҳои дӯсту бародар ва ҳамҷавор – тоҷику ӯзбек, мулоқоти гарму самимии Шумо бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни сафари давлатии ӯ хабар ёфта, оид ба барқарор кардани риштаҳои гусастаи равобити ду миллати ба ҳам дӯст, иқдоми таърихии Шуморо мавриди дастгирӣ ва пуштибонии ҳамаҷониба қарор додем.

Зикраш бамаврид аст, ки танҳо райъи сиёсии сарони ду давлати дӯсту бародар мушкилоти бештар аз бисту панҷсолаи байни халқҳои дӯсту ҳамсояро ҳал кард, ки дар ин масири пурмашаққат заҳмату ҷонбозиҳои Шумо, муҳтарам Пешвои миллат, бесобиқа аст ва мо, бошандагони гуногунмиллати вилоят сипосмандиву аҷргузории самимии хешро изҳор медорем. Мутмаинем, ки занҷири тиллоии дӯстии мардуми тоҷику ӯзбек бо хиради азалии Шумо ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев то азал пайванду мустаҳкам мемонад ва муносибатҳои дӯстию ҳамсоягӣ ҳамеша густариш меёбанд. Сокинони вилоят муътақид ҳастем, ин иқдоми инсонпарваронаи Шумо қадами устуворе дар таъмини минбаъдаи густариши амният ва оромиву осоиштагӣ дар минтақа хоҳад шуд.

Мо, собиқадорони вилояти Суғд, аз номи кулли бошандагон ба Шумо, муҳтарам Пешвои миллат, барои чунин ғамхориву меҳрубонӣ, заҳмату пофишорӣ, хирадмандӣ ва инсондӯстӣ, ки боиси сарбаландиву фараҳмандии мардум шуданд, арзи сипос гуфта, бароятон сиҳатии комил ва саодатмандӣ хоҳонем.

Бо самимияти афзун

Муҳаммадҷон Иброҳимов,

Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ,

сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,

Мӯҳсин Раҳимов,

Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ,

сокини шаҳри Гулистон,

Сабоҳат Ҷамолова,

Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ,

бошандаи шаҳри Истаравшан,

Акбар Ҳоҷимуродов,

Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ,

сокини ноҳияи Зафаробод,

Абдуназар Фармонқулов,

дорандаи се ордени «Шараф»,

бошандаи шаҳри Истаравшан,

Баҳриддин Аҳмадов,

Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

бошандаи шаҳри Хуҷанд,

Ҷӯрабек Набиев,

Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

сокини шаҳри Хуҷанд,

Сироҷиддин Ҳасанов,

Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

бошандаи ноҳияи Мастчоҳ,

Зебӣ Ҳусейнова,

собиқадори меҳнат, дорандаи ордени Ленин,

сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,

Абдуҳамид Абдуҷалилов,

вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

дар солҳои 1990-1995, сокини ноҳияи Спитамен,

Бобораҷаб Бобоев,

Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

сокини шаҳри Панҷакент,

Бишарофат Қурбонова,

депутати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон,

бошандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,

Абдуҳалим Абдусаминов,

раиси Шӯрои собиқадорони ноҳияи Ҷаббор Расулов,

Аслиддин Пӯлодов,

доктори илмҳои таърих, профессор,

бошандаи шаҳри Хуҷанд,


 


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Миннатдории сокинони вилояти Суғд ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон