Хабарҳо
Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 9 моҳи соли 2018 - 17.10.2018 16:27
Дирӯз дар маҷлиси фаъолони ВМКБ фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии мақомоти таъминоти амният натиҷагирӣ карда шуд - 17.10.2018 09:33
Дар ноҳияи Ашт беш аз 35 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир карда шуд - 17.10.2018 09:20
Спитамен. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ як қатор иншоот мавриди истифода қарор гирифт - 17.10.2018 09:02
Конибодом. Нақшаи даромади буҷети давлатӣ 109 фоиз таъмин шуд - 17.10.2018 08:51
Конфронси байналмилалӣ дар Истанбул: «Хатари ташкилоти террористии ҳизби наҳзат аз «ДОИШ» ва «Ал-қойида» кам нест» - 16.10.2018 22:33
Ифтитоҳи бинои таълимӣ дар қисми низомии 02267-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16.10.2018 16:07
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Хуҷанд ба 844,1 млн. сомонӣ баробар шуд - 16.10.2018 14:58
Боздиди донишҷӯёни Донишкадаи политехникии ДТТ аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” - 16.10.2018 08:41
Яксўябинӣ дар таҳқиқи Бардия Раҳмонӣ - 16.10.2018 06:04

Боздиди Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз бӯстонсаройи беруназшаҳрии «Варзоб»

( 0 Овоз )

Имрӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом Сарвари ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии «Варзоб», воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон 9 март бо маросими истиқболи расмӣ оғоз гардида, аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва барои рушду густариши муносибатҳои дӯстию бародарии халқҳои ду кишвар неку бобарор баргузор шуд, 27 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Аз ҷумла, яке аз чунин санадҳои ояндадор Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ мебошад, ки дар ҳузури Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев имзо карда шуд.

Мавриди зикри хос аст, ки бо далели кӯҳсор будани 93 фоизи ҳудуди Тоҷикистон айни замон 6 самти афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ дар кишвар муайян шудааст, ки инҳо туризми кӯҳнавардӣ, туризми кӯҳиву варзишӣ, алпинизм, туризми таърихию фарҳангӣ, туризми этнографӣ ва туризми экологӣ мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 1999 бо истифода аз табиати биҳиштосои кишвар ва баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ 3 минтақаи кишвар — Варзоб, Ромит ва Балҷувон ба ҳайси минтақаҳои сайёҳӣ эълон гардиданд, ки барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва барои ҷалби ҳарчи бештари сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ва сайёҳон мусоид мебошанд. Ҳамчунин рушди соҳаи сайёҳиро дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризми дохилӣ» танзим менамояд.

Дар қароргоҳи беруназшаҳрии Варзоб Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев табиати зебову оби мусаффои дарёи шухи Варзобро тамошо карданд.

Дар ҳақиқат боду ҳавои тозаву обҳои мусаффои ин мавзеъ ба руҳи инсон ҳаловат мебахшад.

Ин мавзеъ бо фазои мусоидаш ва табиати нотакрораш макони баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ва маҳалли вохӯрии сатҳи олии Сарони давлатҳои хориҷ гардидааст.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Боздиди Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз бӯстонсаройи беруназшаҳрии «Варзоб»