Хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - 16.02.2018 15:18
Дар Донишкадаи иқтисод ва савдо барои донишҷуён курсҳои забономӯзии ройгон ташкил шудааст - 16.02.2018 14:43
Шиносоӣ бо рафти корҳои азнавбарқароркунии хобгоҳи сарбозон - 16.02.2018 14:39
ИЗҲОРОТИ РАЁСАТИ ШӮРОИ УЛАМО РОҶЕЪ БА ТАЪСИСИ «АНҶУМАНИ ОЗОДАНДЕШОНИ ТОҶИК» ДАР ХОРИҶИ КИШВАР - 16.02.2018 08:31
Ташкили ҳамоиши “Заҳмати дастони модар” ва аёдати сарбозон дар Зафаробод - 15.02.2018 16:35
Ба таваҷҷуҳи хабарнигорон! - 15.02.2018 16:34
Бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ маҷлиси фаъолон баргузор шуд - 15.02.2018 16:32
Маросими гулгузорӣ дар назди Муҷассамаи ҷанговарони байналмилал - 15.02.2018 11:15
Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити нави бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пас аз навсозӣ - 14.02.2018 14:15
Истеҳсол ва бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - 14.02.2018 12:10

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод”

( 0 Овоз )

Дар гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод”, воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ корҳои ободониву кабудизоркунӣ идома дорад.

Гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод” яке аз гузаргоҳҳои сарҳадиест, ки дар марз бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор дорад. Ҳангоми боздид аз ин гузаргоҳ Раҷаббой Аҳмадзода бо шинонидани ниҳол ба корҳои ободонӣ бештар таваҷҷуҳ намуда, масъулинро вазифадор намуд, то дар ин самт диққати махсус бидиҳанд. Ба гуфти роҳбари вилоят гузаргоҳҳои сарҳадӣ дарвозаи ҳар кишвар ба шумор мераванд ва аз ин хотир бояд ободу зебо нигоҳ дошта шаванд. Имсол, ки “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст, дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ бояд эътибори бештар дода шавад.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо кормандони гузаргоҳи сарҳадӣ суҳбат намуда, барои рафъи мушкилоту муаммоҳои мавҷуда дар самти корҳои ободонӣ ба масъулини сохторҳои гуногун вазифаҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод”