Хабарҳо
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар Рӯзи ҷавонон - 23.05.2018 16:58
Шаҳрдори Хуҷанд ба 100 нафар идрорпулӣ тақдим кард - 23.05.2018 09:36
Шаҳрдори Исфара: Ҷавонон дар рушду ободии сарзамини аҷдодии хеш саҳми арзанда мегузоранд - 23.05.2018 09:33
Раҳпаймоии идонаи ҷавонон дар ноҳияи Ашт - 23.05.2018 09:31
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Бӯстон - 23.05.2018 08:51
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32

Шиносоӣ бо фаъолияти пойгоҳи обкашии «Янтоқ-2» ва хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Алимаҳмад”

( 1 Овоз )

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз пойгоҳи обкашии «Янтоқ-2»-и ноҳия боздид намуд.

Шумораи дастгоҳҳои обкашии ин пойгоҳ 7 адад буда, бино ба гуфти масъулин то имрӯз 4 агрегат пурра ба фаъолият омода карда шуда, ду дастгоҳи дигар рӯзҳои наздик омода карда мешавад.

Дар ноҳияи Мастчоҳ 17 пойгоҳи обкашӣ мвҷуд буда, дар ин пойгоҳҳо 76 насоси обкашӣ насб шудааст. Роҳбари вилоят зимни боздид аз пойгоҳи обкашӣ бо мутахассисони соҳа суҳбат намуда, аз мушкилоту муаммоҳои мавҷуда пурсон шуд. Ба роҳбари вилоят иттилоъ доданд, ки мушкилоти асосӣ ин фарсуда шудани 200 метр қубури қутраш 800 миллиметра мебошад ва аз ин ҳисоб иқтидории обрасонии пойгоҳ пурра истифода намешавад. Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин супориш дод, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин 200 метр қубури қутраш 800 миллиметра ба пойгоҳи обкашии «Янтоқ-2» дастрас карда шавад.

Иҷрокунандаи вазифаиси Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қайд намуд, ки соли гузашта бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ноҳия сифати корҳои обрасонӣ хеле беҳтар гардид. Вале ин қонеъкунанда нест ва масъулини сохторҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ бояд дар самти обрасонӣ дар мавсими нав чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамзамон дастур дода шуд, ки каналу заҳбур, заҳкашҳо ва ҷуйборҳо саривақт тоза карда шуда, иншоотҳои обрасон ба кор омода карда шаванд. Тибқи супориши роҳбари вилоят як гуруҳи кории вилоятӣ дар оянда рафти корҳои омодагиро мавриди омӯзиш қарор медиҳад.

Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи сафар аз хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Алимаҳмад” дидан намуд. Хоҷагии деҳқонии мазкур дорои 2 гектар замин буда, дар 1 гектари он 10 гармхона бунёд гардидааст. Дар ин гармхонаҳо асосан парвариши помидор ва лиму ба роҳ монда шудааст. Дар яке аз гармхонаҳои хоҷагӣ роҳбари вилоят ҳосили помидорро мавриди назар қарор дод. Ба гуфти роҳбари хоҷагӣ аз 0,10 га гармхона дар як мавсим то 7 тонна маҳсулот руёнида мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки 1 килограм помидорро дар моҳи январ 9 сомонӣ ва дар моҳи феврал 10-11 сомонӣ фурӯхтаанд. Раҷаббой Аҳмадзода ба сифати маҳсулот баҳои баланд дода, роҳбари хоҷагиро вазифадор намуд, то чиҳати содироти маҳсулот тадбирҳои зарурӣ андешад. Ба андешаи роҳбари вилоят таҷрибаи ин хоҷагии деҳқонӣ бояд дар дигар минтақаҳои вилоят истифода карда шавад. Аз ин хотир дастур дода шуд, ки бо ҷалби деҳқонону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ дар ин мавзеъ семинари омӯзишӣ гузаронида шавад.

Бо тавсияи роҳбари вилоят сарвари хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Алимаҳмад” тасмим гирифт, ки оянда дар майдони 2 гектар замин гармхонаҳои нав бунёд намуда, парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзиро ба роҳ монад. Бо бунёди гармхонаҳои нав 25 ҷойи корӣ муҳайё карда мешавад, ки шумораи умумии кормандони хоҷагӣ ба 50 нафар мерасад. Раиси ноҳияи Мастчоҳ барои ҷудо намудани ин миқдор замин аз фонди захиравӣ вазифадор карда шуд. Ҳамзамон дастур дода шуд, ки дар ноҳия барои кофтани чоҳҳои амудӣ бо ҷалби соҳибкорон мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ чораҷуӣ намояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоӣ бо фаъолияти пойгоҳи обкашии «Янтоқ-2» ва хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Алимаҳмад”