Хабарҳо
Дирӯз дар маҷлиси фаъолони ВМКБ фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии мақомоти таъминоти амният натиҷагирӣ карда шуд - 17.10.2018 09:33
Дар ноҳияи Ашт беш аз 35 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир карда шуд - 17.10.2018 09:20
Спитамен. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ як қатор иншоот мавриди истифода қарор гирифт - 17.10.2018 09:02
Конибодом. Нақшаи даромади буҷети давлатӣ 109 фоиз таъмин шуд - 17.10.2018 08:51
Конфронси байналмилалӣ дар Истанбул: «Хатари ташкилоти террористии ҳизби наҳзат аз «ДОИШ» ва «Ал-қойида» кам нест» - 16.10.2018 22:33
Ифтитоҳи бинои таълимӣ дар қисми низомии 02267-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16.10.2018 16:07
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Хуҷанд ба 844,1 млн. сомонӣ баробар шуд - 16.10.2018 14:58
Боздиди донишҷӯёни Донишкадаи политехникии ДТТ аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” - 16.10.2018 08:41
Яксўябинӣ дар таҳқиқи Бардия Раҳмонӣ - 16.10.2018 06:04
«Маданият ва қадрият»-и Абдуллозода ифротгароист - 16.10.2018 06:02

Шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони иншооти гуногун дар ноҳияи Мастчоҳ

( 1 Овоз )

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти сохтмони як қатор иншооти таъиноташон гуногун шинос гардид.

Дар аснои шиносоӣ бо сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳия ба роҳбари вилоят иттилоъ доданд, ки иншооти варзишӣ барои 5 ҳазор нафар пешбинӣ гардида, сохтмони он аввалҳои соли 2016 шурӯъ гардида буд. Фармоишгари иншоот дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пудратчӣ ҶДММ «Сохтмон» мебошад. Тавре аён гардид, то имрӯз 50 дарсади корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтааст.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин дастур дод, ки барои зиёд намудани теъдоди нишастгоҳҳои варзишгоҳ ба лоиҳаи он тағйирот ворид карда шавад. Зеро сол ба сол аҳолии ноҳия зиёд гардида истодааст. Ҳамзамон масъулин вазифадор шуданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ ва ободонии муҳити атроф бештар таваҷҷуҳ диҳанд, то иншооти бунёдшаванда солҳои зиёд ба мардум хизмат намояд.

Бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Мастчоҳ Қасри фарҳанг бунёд гардида истодааст. Ҳангоми шиносоии роҳбари вилоят бо рафти сохтмони ин иншооти фарҳангӣ иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз ба маблағи 2 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шудааст. Фармоишгари иншоот дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пудратчӣ ҶДММ «Сохтмон» мебошад. Қасри фарҳанг, ки аз се ошёна иборат хоҳад буд, барои 1000 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, дорои 20 ҳуҷраи корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

Роҳбари вилоят дар суҳбат бо сохтмончиён ва масъулин дастур дод, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ ва масолеҳи истифодашаванда, ҳамчунин ободонии атроф диққати махсус дода шавад. Роҳбарияти ноҳия вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати бунёди як боғи истироҳатӣ барои кӯдакон дар шафати Қасри фарҳанг чораҳои зарурӣ андешад. Ба андешаи роҳбари вилоят дар шафати варзишгоҳ ва Қасри фарҳанг бунёд намудани боғи истироҳатӣ барои наврасону кӯдакон ва фароҳам овардани шароити зарурии истироҳатӣ ба нафъи кор хоҳад буд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо соҳибкорон ҳамкории хубу самаранокро ба роҳ мондааст. Маҳз бо ҷалби соҳибкорон дар ҳудуди ноҳия сохтмони иншооти гуногун идома дорад. Аз ҷумла, бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкор Сафия Ҳасанова ҷиҳати бунёди кӯдакистони хусусӣ бо 160 ҷой ва маркази фарҳангӣ- фароғатии «Бӯстон» камари ҳиммат баста, тасмим гирифт, ки бо харҷи беш аз 1,5 миллион сомонӣ ду иншооти иҷтимоиро бунёд намояд. Дар вақти боздиди роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонии кӯдакистон ва маркази фарҳангӣ моҳи апрели соли 2017 оғоз гардида, мувофиқи нақша пеш меравад.

Роҳбари вилоят дар аснои суҳбат бо кормандони соҳаи маорифи ноҳия аз иқдоми соҳибкор истиқбол кард ва зикр намуд, ки дар асоси дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи мактабҳои ноҳия омӯхта шуда, барои таъмири муассисаҳои садамавӣ ва таъмини китобхонаҳо бо адабиёт, ҳамзамон фароҳам овардани дигар шароитҳои таълим аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Дар кӯчаи ба номи Саидшариф Шарифови ноҳияи Мастчоҳ роҳбари вилоят рафти корҳои навсозии роҳро мавриди назар қарор дод. Иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳи таҷдидшаванда 1,5 километрро ташкил медиҳад. То ба имрӯз корҳои ҳамворкунии роҳ анҷом ёфта, бо гарм шудани ҳаво мумфаршкунӣ оғоз меёбад. Дар ҳамин мавзеъ роҳбари вилоят бо шинонидани ниҳол ба маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз бахшид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони иншооти гуногун дар ноҳияи Мастчоҳ