Хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - 16.02.2018 15:18
Дар Донишкадаи иқтисод ва савдо барои донишҷуён курсҳои забономӯзии ройгон ташкил шудааст - 16.02.2018 14:43
Шиносоӣ бо рафти корҳои азнавбарқароркунии хобгоҳи сарбозон - 16.02.2018 14:39
ИЗҲОРОТИ РАЁСАТИ ШӮРОИ УЛАМО РОҶЕЪ БА ТАЪСИСИ «АНҶУМАНИ ОЗОДАНДЕШОНИ ТОҶИК» ДАР ХОРИҶИ КИШВАР - 16.02.2018 08:31
Ташкили ҳамоиши “Заҳмати дастони модар” ва аёдати сарбозон дар Зафаробод - 15.02.2018 16:35
Ба таваҷҷуҳи хабарнигорон! - 15.02.2018 16:34
Бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ маҷлиси фаъолон баргузор шуд - 15.02.2018 16:32
Маросими гулгузорӣ дар назди Муҷассамаи ҷанговарони байналмилал - 15.02.2018 11:15
Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити нави бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пас аз навсозӣ - 14.02.2018 14:15
Истеҳсол ва бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - 14.02.2018 12:10

Сафари кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ

( 1 Овоз )

Рӯзи 13 феврал иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва рафти сохтмони иншооти гуногун ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод.

Дар оғози сафар роҳбари вилоят ба қисми ҳарбии 14356-и Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, дар суҳбат бо сарбозону афсарон изҳор дошт, ки барои хизмати сарбозон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Айни замон дар қисми ҳарбии 14356 сарбозону афсарон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат қарзи шаҳрвандии худро адо намуда, дар ҳифзи марзу бум ва манфиатҳои давлату миллат содиқона хизмат мекунанд. Раҷаббой Аҳмадзода бо шароити хизмати сарбозон шинос шуда, ба масъулин супориш дод, ки ҷиҳати бештар ташкил намудани барномаҳои фарҳангӣ ва ҷалби сарбозон ба чорабиниҳои гуногун тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин рӯз аз ҷониби роҳбарияти вилоят ба қисми ҳарбии мазкур маводи ғизоӣ дастрас карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Сафари кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ