Хабарҳо
Кабирї аз ислом даст кашид, аммо боз њам касе ба ў бовар накард (Ё чаро љамъомади нањзатиён дар Дортмунд шикаст хўрд?) - 18.07.2018 10:36
«Голубая жемчужина» Таджикистана напоит всех соседей - 17.07.2018 21:44
Хуҷанд. Содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар афзоиш ёфт - 17.07.2018 16:09
Ашт. Ба маблағи 493 ҳазор доллари ИМА меваи тар содирот карда шуд - 17.07.2018 09:27
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Гулистон ба 1,8 миллиард сомонӣ баробар шуд - 17.07.2018 09:15
Хуҷанд. 13 меҳмонхона, 60 ёдгории таърихӣ ва боғҳои фароғатӣ дар хизмати сайёҳон қарор доранд - 17.07.2018 08:22
Гулистон. Ҳаҷми маблағи воридшуда аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 13 миллиону 378,6 ҳазор сомониро ташкил дод - 17.07.2018 07:52
Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Бӯстон - 16.07.2018 13:57
Суғд. Ба маблағи 281,4 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 16.07.2018 10:27
Сайди моҳӣ дар нимсолаи аввали соли равон 41 тоннаро ташкил кард - 16.07.2018 10:24

Баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии вилоят

( 2 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Нимаи дуюми рӯзи 7 феврал дар қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии вилоят баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа, ки таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт, се масъала мавриди муҳокима  қарор дода шуд. Дар оғози ҷаласа роҳбари вилоят қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол рушд карда, сатҳи некӯаҳволии мардум беҳтар гардида истодааст. Таъкид гардид, ки вазифаи аввалиндараҷаи аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ ин пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ҳифзи амну суботи ҷомеъа ба ҳисоб меравад.

Сипас, аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа оид ба натиҷаи фаъолияти Шӯро дар соли 2017 мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонзода маърӯза намуд. Тавре иттилоъ дода шуд, соли гузашта аз ҷониби аъзоёни Шӯро дар ҷойҳо бо ҷалби сокинон вохӯриву мулоқотҳо, мизҳои мудаввар, чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангӣ доир ба “Соли ҷавонон”, дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил ва баргузор карда шуданд. Аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ ҳамзамон дар корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ фаъолона ширкат варзиданд. Сипас аз рӯи масъалаи баррасишаванда чанде аз аъзоёни Шӯро сухан карда, нақши Шӯрои ҷамъиятиро дар пойдории амну суботи ҷомеъа, пешгирии зуҳуроти номатлуб, пешрафту тараққиёти мамлакат назаррас арзёбӣ карданд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа оид  ба рафти иҷрои Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017 муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Дилшод Тошбоев маърӯза кард. Зикр гардид, ки туризм  аз бахшҳои муҳими хоҷагии халқ ба ҳисоб рафта, яке аз сарчашмаҳои сердаромад ва ба шуғли доимӣ ҷалб намудани шаҳрвандон мебошад. Бо мақсади рушди туризм аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххас амалӣ мешавад. Дар вилояти Суғд низ соҳаи сайёҳӣ пайваста рушд намуда, теъдоди сайёҳони хориҷӣ дар ҳоли афзоиш аст. Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта беш аз 45 ҳазор сайёҳи хориҷӣ аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва истироҳатии вилоят боздид намудаанд.

Роҳбари вилоят зимни суҳбат аз аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ даъват намуд, ки дар иҷрои корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ боз ҳам фаъолтар бошанд ва барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд.

Роҳбари вилоят ҳамзамон таъкид дошт, ки дар партави сиёсати  бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифтааст, ки корҳои созандагиву бунёдкориро боз ҳам ҷоннок намуда, ба рушди соҳаҳои гуногун аҳмияти аввалиндараҷа диҳад ва дар ин кор саҳми аъзоёни Шӯро бояд доимо эҳосос карда шавад.

Дар поёни ҷаласа аз рӯи масъалаи сеюм ҳозирин нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятиро барои соли 2018 тасдиқ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии вилоят