Хабарҳо
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 15.01.2018 10:45
Боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори Панҷшанбе - 14.01.2018 15:00
Машварати кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 13.01.2018 17:07

Машварати кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

( 4 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Видео :Машварати кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Нимаи дуюми рӯзи 13-уми январ дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба масъалаҳои рушди хоҷагии халқи вилоят машварати корӣ баргузор гардид.

Дар машварати корӣ раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ширкат варзиданд.

Дар рафти машварат нахуст вобаста ба вазъи кишоварзии минтақа муовини Раиси вилоят Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ гузориш дод. Тибқи иттилоъи номбурда, хоҷагидорони вилоят ҷиҳати омодагӣ ба мавсими нави кишти зироатҳои баҳорӣ тадбир андешида, аз ҷумла, ба санаи 13-уми январ дар майдони 119783 гектар шудгор гузаронида шудааст, ки 57,1 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Захираи пору бошад 143,2 хазор тоннаро фаро гирифта, озуқадиҳӣ дар масоҳати 7660 гектар ба роҳ монда шудааст, ки 25 фисади майдони киштро ташкил медиҳад.

Дар ин раванд яхобмонӣ дар майдони наздик 15 ҳазор гектар ва шӯршӯйи дар масоҳати 1548 гектар амалӣ карда шуда, аз 398 дастгоҳҳои обкашӣ 252 адад ё худ, 63,3 дарсад таъмир ва ба мавсими кишт омода гардидаанд. Тозакунии иншооти обрасонӣ дар масоҳати 380,4 ҳазор метрии кубӣ ба роҳ монда шудааст, ки баробари 64 дарсади накша мебошад. Дар маҷмуъ, кишоварзони вилоят соли равон дар майдони 222 738 гектар кишти баҳории зироатҳоро ба нақша гирифтаанд, ки 57 ҳазор гектари онро кишти пахта дарбар мегирад. Тибқи дастури Сарвари давлат соли равон майдони кишти пахта ва картошка ҳудуди наздик 15 ҳазор гектар афзоиш ёфта, бо ин мақсад то имрӯз 11 ҳазор тонна тухмии хушсифати пахта захира ва 5280 тонна чигит дар корхонаҳои пахтатозакунӣ коркард шудааст.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар машварати корӣ таваҷҷуҳи масъулини соҳаро ба бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта ва омодагии ҷиддӣ ба мавсими кишти баҳорӣ ҷалб намуд. Бинобар хушк омадани ҳаво дар мавсими зимистони имсола бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо амри роҳбари вилоят фавран ситоди вилоятӣ оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ва шӯршӯйи дар заминҳои корам ташкил гардида, дастур дода шуд, ки чунин ситодҳои маҳалӣ дар ҳамаи навоҳии кишоварзӣ низ таъсис дода шаванд. Ҳамвора бо ин, ҷиҳати омодасозии пурраи пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон дар муҳлати муайянгардида масъулини Раёсати кишоварзӣ ва Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят вазифадор карда шуданд. Раҷаббой Аҳмадзода мутасаддиёни соҳаро ҳамчунин ҷиҳати ҷамъоварии саривақтии ҳақи оби кишоварзӣ аз ҷониби истифодабарандагон, пардохти ҳақи неруи барқ аз ҷониби муассисаҳои соҳаи обтаъминкунӣ, ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан ташкили фурӯши бемамониати гӯшт дар шаҳрҳои саноатӣ, аз қабили Хуҷанду Бӯстон ва Гулистону Истиқлол, дар сатҳи баланд доир намудани ярмарка-фурӯши ниҳолҳо ва ҷашни аҷдодии Сада муваззаф намуд.

Сипас, доир ба масъалаи ҷараёни корҳои сохтмону ободонӣ дар вилоят муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ маълумот дод. Таъкид гардид, ки раванди  сохтмони иншооти ҷашнӣ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ суръати тоза гирифта, аз ҷумла дар шаҳру навоҳии Панҷакенту Деваштич ва Шаҳристону Истаравшан бунёди як қатор муассисаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва хизматрасонӣ, аз қабили қасри ҷавонон, қасри фарҳанг, мактабу парваришгоҳ, муассисаҳои табобатӣ ва ғайра ба нақша гирифта шудааст. Доир ба назорати рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоот низ бо дастури роҳбари вилоят ситоди доимамалкунанда дар шаҳру навоҳӣ ташкил карда мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода аз роҳбарони шаҳру навоҳӣ талаб кард, ки дар баробари бунёди иншооти иҷтимоӣ, инчунин ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ барои сокинони вилоят таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Зеро дар шароити кунуни болоравии вазъи иқтисодӣ таъмини шароити шоистаи зиндагии мардум маҳз ба истеҳсолот вобаста аст. Дар ин замина супориши қатъӣ дода шуд, ки вазъи корхонаҳои калону миёнаи бозистода, ки хусусӣ карда шудаанд, пурра омухта шуда, масъалаи дубора ба кор андохтани онҳо ҳалу фасл карда шавад.

Дар поёни машварат иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин ҷиҳати вусъати маъракаи ободонӣ дар ҳудуди вилоят, сабзгардонии хиёбону гулгаштҳо, шинонидани гулҳои мавсимӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ, зиёд кардани ҳаҷми парвариши зироат дар гармхонаҳо, афзунгардонии ҳосили меваҷот, захираи тухмиҳои хушсифат, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекормонда, ҳифзу афзунгардонии чорво, вусъати соҳаи паррандапарварӣ ва истеҳсоли ғизои парҳезӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳимояи соҳибкорӣ ва ҷамъоварии саривақтии андозҳо дар назди раисони шаҳру навоҳӣ ва мутасаддиёни соҳаҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Машварати кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода