Хабарҳо
Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Бӯстон - 16.07.2018 13:57
Суғд. Ба маблағи 281,4 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 16.07.2018 10:27
Сайди моҳӣ дар нимсолаи аввали соли равон 41 тоннаро ташкил кард - 16.07.2018 10:24
Суғд: Ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд - 16.07.2018 10:22
ТАРКИШ: амали террористие, ки баъди 22 сол ошкор шуд - 14.07.2018 22:47
ЁДКАРДИ ЮТАКА АКИНО. Ба қатли дипломати ҷопонӣ аз ҷониби террористони ҳизби наҳзати исломӣ 20 сол пур шуд - 14.07.2018 22:33
Дар ноҳияи Деваштич сохтмони бинои Нозироти андоз идома дорад - 13.07.2018 20:05
Шиносоӣ бо рафти сохтмони Таваллудхонаи марказии ноҳияи Деваштич - 13.07.2018 19:59
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони боғчаи бачагона ва маркази саломатӣ дар ноҳияи Деваштич - 13.07.2018 19:56
Роҳи марказии ноҳияи Деваштич ба масофаи беш аз 16 км ба таъмири куллӣ фаро гирифта мешавад - 13.07.2018 19:50

Ба шуъбаву стансияҳои ёрии таъҷилию тиббии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 30 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ тақдим карда шуд

( 2 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 8
  • Минбаъда

Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба шуъбаву стансияҳои ёрии таъҷилию тиббии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 30 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ дастрас карда шуд.

Маросими супоридани нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ рӯзи ҷумъаи 12 январ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази вилоят доир шуд. Зимни суҳбат бо намояндагони соҳаи тибби вилоят Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат арзёбӣ шуд. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои марбут ба тандурустии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир менамояд.

Раиси вилоят афзуд, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва расонидани кумаки аввалини тиббӣ ба сокинон тасмим гирифта шуд, ки барои муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ дастрас карда шавад. Кормандони соҳаи тибро лозим аст, ки дар сурати зарурӣ бо истифодаи автомобилҳо ниёзмандонро саривақт ба беморхонаҳо расонанд. Изҳори умед карда шуд, ки теъдоди фавт ва таваллуди занон дар хона минбаъд коҳиш меёбад. Ба таъкиди Абдураҳмон Қодирӣ минбаъд низ ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ бо нақлиёт тадбирҳои мушаххас амалӣ хоҳад шуд.

Сипас, муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ доир ба вазъи соҳаи тандурустии вилоят иттилоъ дода, аз ҷумла қайд намуд, ки давоми солҳои 2016-2017 бо дастгирии роҳбарияти вилоят ба муассисаҳои тиббӣ 25 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ дастрас гардида буд ва ҳоло дар муассисаҳои тиббӣ 109 адад нақлиёт мавҷуд аст. Бо назардошти муҳимияти ҳифзи саломатии мардум бо қарори Раиси вилояти Суғд 1,4 миллион сомонӣ маблағ ҷудо ва 30 адад автомобилҳои тамғаи "Хундай Старекс" харидорӣ карда шуд. Нақлиётҳо тавассути ҶДММ "Ситора 555", ки дар тендер ғолиб омадааст, ворид карда шуда, давоми ду сол ройгон таъмир карда мешавад.

Дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси вилоят ба сардухтурони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят калид ва шиносномаҳои техникии нақлиёти ёрии таъҷилӣ супорида шуд. Ҳамин тариқ, ба муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент 4 адад, Бобоҷон Ғафуров 3 адад, Хуҷанд 3 адад, Шаҳристон 1 адад, Конибодом 2 адад, Истаравшан 3 адад, Мастчоҳ 2 адад, Спитамен 2 адад, Куҳистони Мастчоҳ 1 адад, Истиқлол 1 адад, Бустон 1 адад, Зафаробод 2 адад, Деваштич 3 адад, Ҷаббор Расулов 1 адад ва беморхонаи минтақавии Зарафшон, ки барои сокинони водии Яғноб хизмати тиббӣ мерасонад, 1 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд










Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ба шуъбаву стансияҳои ёрии таъҷилию тиббии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 30 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ тақдим карда шуд