Хабарҳо
Заметки по поводу конференции Исламской партии Таджикистана в Дортмунде - 20.07.2018 23:23
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон! - 20.07.2018 15:42
Ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи аввали соли 2018 - 20.07.2018 15:22
Мулоқоти Маҳмадсаид Шоҳиён бо фаъолони шаҳри Бӯстон - 20.07.2018 13:30
ТӮЙЕ, КИ БА МОТАМ ТАБДИЛ ЁФТ (Қайдҳо дар бораи конфронси ТТЭ наҳзати ислом дар Дортмунд) - 20.07.2018 11:34
Варзишгарони вилояти Суғд дар мусобиқоти байналмилалӣ сазовори 14 медали тилло, 10 медали нуқра ва 15 медали биринҷӣ гардиданд - 20.07.2018 10:28
Суғд: Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ ба андозаи 107,0 фоиз таъмин гардид - 20.07.2018 10:09
Ба ғолибони Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ дар маҷмӯъ 60 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад - 20.07.2018 09:41
Оғози мумфаршкунии кӯчаи ба номи Усмон Қосимов ва гузоштани санги асос ба бунёди зеристгоҳи барқии "Темурмалик" дар шаҳри Хуҷанд - 19.07.2018 18:56
Вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 19.07.2018 15:33

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи геологҳо

( 0 Овоз )

Ҳамасола санаи 9 декабр бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи геологҳо таҷлил карда мешавад.

Аз ин лиҳоз, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кулли кормандни соҳаро бо фарорасии иди касбиашон табрику таҳният менамоям.

Дар замони муосир пешрафти соҳаҳои иқтисодиро бе рушди соҳаи геология тасаввур кардан мумкин нест. Зеро дар истифодаи захираҳои мавҷуда сароғоз кашшофони қаъри замин нақши бориз доранд.

Сарзамини мо аз қадим бо сарватҳои табии хеш шуҳрат дошт ва мардум онҳоро барои беҳдошти зиндагӣ ва рушди кишвар истифода мебурданд.

Дар замони Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон соҳаи геология ба яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ табдил ёфт. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ин соҳаро чун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ муаррифӣ намуда, ҷиҳати пешрафт ва рушду нумӯи он чораҳои заруриро меандешанд.

Дар ин замина геологҳо пайваста баҳри ҷустуҷӯю дарёфти конҳои нав, истихроҷ ва коркарди ашё, ки барои истеҳсоли нуриҳои минераливу маводи сохтмон хеле заруранд, фаъолияти самарабахш намуда, ҳамзамон дар обёрӣ намудану беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо саҳми назаррас мегузоранд.

Боиси қаноатмандист, ки имрӯзҳо дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Ашт, Мастчоҳ ва шаҳрҳои Гулистон, Конибодом ва Истиқлол як қатор тадбирҳои ҷустуҷӯиву геологӣ амалӣ шуда, дар дигар мавзеъҳо барои дарёфти захираҳои иловагии маъданҳо корҳои муайянкунӣ, баҳодиҳӣ ва ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Натиҷаи фаъолияти геологҳо мебошад, ки имрӯз дар ҳудуди вилоят корхонаҳои калонтарин ба истеҳсоли тилло, нуқра, сурма, сурб, нафту газ ва масолеҳи бинокорӣ машғул мебошанд ва сохтмони корхонаҳои нав дар ин соҳаҳо идома доранд.

Итминони комил дорам, ки геологҳои вилоят анъанаҳои некашонро тақвият бахшида, барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми муносиб мегузоранд.

Ҳамаи кормандони соҳаро бо иди касбӣ шодбош гуфта, барояшон тани сиҳату хотири ҷамъ, сарбаландӣ ва зиндагии шоистаро орзу мекунам.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи геологҳо